ГИРОМИДОШТИ СОБИҚАДОРОН ВА КОРМАНДОНИ АҚИБГОҲ

Январь 28, 2011 11:03

Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мутобиқи қарори раиси вилояти Суғд аз 1 январи соли 2011 ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон (ба ғайр аз иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ) ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба  бар Германия  дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, 20 сомонӣ ба ҳар яке дар як моҳ  кӯмакпулӣ дода мешавад. Ба Сарраёсати  ҳифзи иҷтимоии вилоят супориш дода шудааст, ки бо ин мақсад 96 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намояд. Тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи шаҳру ноҳияҳо теъдоди чунин ашхос дар вилояти Суғд 400 нафарро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки қарори мазкур бо назардошти хизматҳои ҳарбии бенуқсон ва меҳнати шоиста дар солҳои ҷанг ва ақибгоҳ, бахшида ба 66 – солагии Иди Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.  

Январь 28, 2011 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад