ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО ДАР ТАКМИЛИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Январь 11, 2011 15:17

  Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Таҳлили омории ташкили захираи кадрҳо нишон дод, ки шумораи умумии кадрҳои дар захира мавҷуда 2450 (2009-2010) нафар буда, аз он 604 нафарро занон ташкил медиҳанд, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати хизмати давлатӣ Гурез Қосимов. Ӯ қайд намуд, ки дар соли ҷорӣ аз ҳисоби захираи кадрҳо 133 нафар, аз ҷумла занон 28 нафар ба мансабҳои давлатӣ таъин гардиданд ва ба 447 нафар зан хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои азнавтайёркунии касбӣ, такмили ихтисос ва семинарҳо фаро гирифта шуданд.  Ҳамкории Раёсати хизмати давлатӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва лоиҳаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Маркази ҳамкории байналмилалии Япония (JICE), Хазинаи Ҳаннс Зайдел (Германия) дар самти хизмати давлатӣ вусъат дода шудааст. Дар ин раванд қарордоди нави Раёсати хизмати давлатӣ ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар доираи лоиҳаи Барномаи кӯмаки бебозгашт ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июли соли 2010 ба имзо расид.   Моҳи декабри соли 2010 марҳилаи навбатии интихоби довталабон ба донишгоҳҳои Япония анҷом ёфт. Дар се даври интихоби довталабон аз ҳисоби 12 довталаб, ки намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ ва Бонки миллии Тҷикистон буданд, 5 нафар довталаб барои соли хониши 2011-2012 интихоб гардида, 3 нафар барои рӯйхати кадрҳои захираи ин Барнома ворид карда шудааанд , қайд карда шуд дар охири нишаст.

Январь 11, 2011 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид