ХОНАИ СЕҲУҶРАГИИ «МУАЛЛИМИ СОЛ»
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Раёсати маорифи шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Мактаби сол» ва «Муаллими соли 2010» ҷамъбаст гардид. Ширкати муаллимон дар ин озмунҳо бо дилгармӣ ва хоҳиши том сурат мегирад, зеро ғолибон дар баробари гирифтани унвони фахрӣ соҳиби хонаи сеҳуҷрадор низ мегарданд. Аз рӯи ҷамъбасти пешакӣ унвони фахрии «Мактаби сол» насиби мактаби миёнаи рақами 42 – и ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва унвони боэътибори «Муаллими соли 2010» аз рӯи маҳорати касбию педагогӣ миёни иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявӣ насиби муаллимаи синфҳои ибтидоии литсейи рақами 55 – и пойтахт Бунавша Ғаниева ва ҷои дуюм насиби муаллими фанни физикаи мактаби миёнаи рақами 21 – и шаҳри Душанбе Чумак Василий Сергеевич гардид.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






