ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МАҚОМОТИ ГУМРУК
Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар» Марзия Саидова).- Ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 –солагии таъсисёбии мақомоти гумрук ва 15- солагии ташкилёбии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон 19 январ дар Душанбе таҳти унвони «Роҳҳои такмили фаъолияти мақомоти гумрук дар марҳилаи ҳозира» конфронси илмӣ -амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Нозимҷон Нидоев ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон /ДИТ/ ва Нуриддин Маҳмадов муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар бахши мақомоти гумрук, вазъи феълӣ ва дурнамои ин соҳа ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки ДИТ муассисаи олии таълимии ҷумҳурӣ буда, дар омода намудани мутахассисону кормандони бахши гумруки кишвар нақши назаррас дорад. Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Н. Маҳмадов роҷеъ ба мавқеъи мақомоти гумруки кишвар дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, дурнамои фаъолияти он дар доираи манофеи миллӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фаъолияти мақомоти гумрук табодули назар кард. Мавсуф афзуд, ки санаду меъёрҳое, ки дар сохтори гумрукии кишвар таҳия ва қабул мегарданд, хусусияти байналмилалӣ доранд. Ба андешаи Н. Маҳмадов Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 дар давраи барои кишварамон ҳассос қабул шуд, ҷавобгӯи он солҳо буд. Баъд аз такмили он дар соли 2005 нақши Кодекс дар кори ба танзим даровардани сиёсати гумрукии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷавобгӯи система ва механизми байналмилалӣ гардонидани мақомоти гумруки ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамзамон, иштирокчиёни нишаст роҳҳои гуногуни рушди фаъолияти мақомоти гумруки мамлакат, татбиқи консепсияи мақомоти гумрук дар кишвар, таҷдиду азнавсозии инфрасохтори ин соҳа, омода кардани мутахассиони касбии ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи муосир дар асоси донишҳои нав, доир ба нақши гумрук ва тарифи гумрукӣ дар танзим ва таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи технологияҳо ва шабакаи ягонаи итилоотӣ дар мақомоти гумрукӣ, проблемаҳои ҷойдошта ва соири масъалаҳои марбут ба рушди соҳаро матраҳ карданд. Ректори ДИТ афзуд, ки тамоми мавод ва пешниҳодҳо, ки дар конфронс ҷиҳати рушди мақомоти гумруки ҷумҳрӣ зикр гардиданд ба Хадаомти гумруки мамлакат пешниҳод мешаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






