ИНШООТИ ХУСУСИИ КӮЛОБ ФАЪОЛ НЕСТАНД
Кӯлоб, 18 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар нишасти матбуотии шаҳри Кӯлоб бо иштироки хабарнигорони ВАО раиси шаҳри Кӯлоб аз вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳот дар як соли сипаригардида ба хабарнигорон маълумот дод. Аз ҷумла, зикр кард, ки дар соли 2010 иҷрои қисми даромади буҷаи маҳаллӣ 120 фоизро ташкил дода, ба ҷои 16 миллиону 482 ҳазору 952 сомонӣ 19 миллиону 587 ҳазору 701 сомонӣ маблағ ба буҷа ворид гардид. Ба гуфти ин манбаъ иҷрои сифати андозҳо дар ин давра назаррас буда, 15 сарчашмаи даромади нақша ба пуррагӣ ва сифатнок иҷро гардид. Инчунин, дар рафти нишаст зикр гардид, ки кишоварзони деҳот дар соли сипаригардида дар майдони 4459 гектар ғалладонагӣ, 3194 га зироати техникӣ, 3169 га пахта, 673 га сабзавот, 95 га маҳсулоти полезӣ, 373 га хӯроки чорво, 46 гектар картошка кишт карданд. Раиси шаҳр Ҳамид Абдуллоев аз тақдири иншооти хусусишуда, ки то ин муддат фаъолият надоранд, изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки соҳибмулкон то ҷашни 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти худро пурра ба кор дароранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






