ИШТИРОКИ МАКТАББАЧАГОН ДАР СПАРТАКИАДА
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади тарғибу ташвиқи намудҳои мухталифи варзиш миёни мактаббачагон, таҳкими дўстӣ, тарзи ҳаёти солим ва дарёфти варзишгарони умедбахш байни наврасон дар шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Табошар, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов марҳилаи дуввуми Спартакиадаи мактаббачагони вилояти Суғд аз рўи намудҳои тенниси рўи миз, баскетбол, волейбол, шоҳмот ва варзиши сабук баргузор гардид. Мавриди ёдоварист, ки марҳилаи аввали Спартакиада дар 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуда, дар онҳо 7850 нафар мактаббачагон иштирок намуданд. Марҳилаи дуюми Спартакиада дар 12 шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, дар он 356 нафар мактаббачагон ширкат варзиданд. Аз рўи натиҷаҳои марҳилаи дуюми Спартакиада дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд аз рўи 3 намуд, Б.Ғафуров аз рўи 4 намуд, Спитамен аз рўи 2 намуд, Конибодом аз рўи 2 намуд, Ҷ.Расулов аз рўи 3 намуд, Чкалов аз рўи 2 намуд, Табошар аз рўи 4 намуд, Мастчоҳ аз рўи 2 намуд, Истаравшан аз рўи 4 намуд, Ғончӣ аз рўи 1 намуд ва Шаҳристон аз рўи 1 намуд ғолибиятро ба даст оварда, барои иштирок дар қисми ниҳоии Спартакиадаи мактаббачагони вилояти Суғд роҳхат гирифтанд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имрӯз, 31 январ дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд қисми ниҳоии Спартакиадаи вилоятии мактаббачагони вилояти Суғд баргузор мегардад.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






