ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ АЗ БЕФАЪОЛИЯТИИ КОРХОНАҲО

Январь 25, 2011 15:59

    Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов аз тамоман фаъолият накардани 3 корхона, пастравии нишондиҳандаҳои истеҳсолии 13 корхонаи саноатӣ дар соли сипаришуда ва камшавии содироти молу маҳсулот изҳори нигаронӣ карда, аз масъулини соҳа талаб намуд, ки вазъиятро пурра таҳлил намуда, барои пешрафти кор тадбирҳои судманд андешанд.   Тавре аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар машварати кории 24 январ бо иштироки сардорони раёсатҳо, раисони кумитаҳо, мудирони шӯъбаю бахшҳо ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои мақомоти иҷроия баргузоргардида С. Мирхолиқов таваҷҷӯҳи роҳбарони сохторҳои самти иқтисодиро ба таҳлили воқеии натиҷаҳои соли гузашта, рафъи камбудию норасоиҳои соҳаҳои истеҳсолӣ, дарёфти имкониятҳои рушди иқтисодиёт, ҳаддалимкон кам кардани бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои Барномаҳои давлатӣ ҷалб намуд.   Аз кумитаи заминсозӣ ва сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроия тақозо шуд, ки вазъи корро дар ширкатҳое, ки барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ қитъаи замин гирифтаанду вале то ҳол ба сохтмон оғоз накардаанд ва ё дар ин бобат ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд, дақиқан санҷанд ва ба амали онҳо баҳои қонунӣ диҳанд.Таъкид шуд, ки аз моҳи сентябри соли гузашта то ин муддат барои сохтмони манзил ба 817 оилаи эҳтиёҷманд қитъаи замин ҷудо шудааст, аммо ҳалли масъалаҳои марбут ба бунёди хатҳои коммуникатсионӣ, ҳамворкунии сатҳи замин, корҳои лоиҳакашӣ кашол меёбад.   Содиқҷон Мирхолиқов давраи омодагӣ ба таҷлили сатҳи баланди ҷашни 20-солагии Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро марҳалаи муҳими сиёсӣ арёбӣ намуда, таъкид намуд, ки ҳар як рӯзи маъракаи дар саросари шаҳр доманпаҳнкардаи «400 рӯзи созандагию бунёдкорӣ ва ободонию кабудизоркунӣ — ба 20-солагии Истиқлолият» ба манфиати пешрафти кор, ободу зебо гардонидани ҳамаи мавзеъҳои Хуҷанд, бунёди иншооти хуштарҳи замонавӣ, чароғонкунӣ ва тозаю озода гардонидани маҳаллаю қасабаҳо самаранок истифода шаванд. Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ равнақ ёбанд, дар ин раванд тавассути рӯзнома, радиою телевизионҳо ва бо истифода аз ҷаласаю ҷамъомадҳои ҷомеаҳои меҳнатӣ ва бо баргузории мақсадноки Рӯзҳои ягонаи сиёсӣ дастовардҳои даврони Истиқлол, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ҳамаҷониба тарғиб гарданд.

Январь 25, 2011 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад