ИЗХОРОТИ МЕДИА-АЛЯНСИ ТОҶИКИСТОН
Созмони журналистии Медиа-Алянси Тоҷикистон аз зиддияти баамаломада миёни ҳайати эҷодӣ ва сохибмулки ҳафтаномаи маъруфи «Вечерний Душанбе», ки кариб боиси чоп нашудани шумораи навбати яке аз дарозумртарин нашрияҳои кишвар, аз кор рафтани ҳайати эҷодии он гардид, изҳори нигаронӣ намуда, ҷонибҳоро ба сари мизи музокирот даъват менамояд. Мушкил сари он аст, ки дар натиҷаи ин зиддияти баамаломада коллективи ҳайати эҷодӣ метавонад бекор монад ва ба андешаи мо пеш аз ҳама бояд ба он кўшиш кард то ҳайати эҷодӣ тавонад ба журналистика машғул шавад ва имкони навиштану инъикоси воқеаҳои рўз дошта бошад. Муттаассифона, қазияи рухдода дар «Вечерний Душанбе», ки метавонад боиси бекор мондани ҳайати эҷодӣ шавад, сахт нигаронкунанда буда, баракси он ҳолат ва фазоеро инъикос менамояд, ки Кумита ба вуҷуд оварда буд. Мо фикр мекунем, айни замон дар қазияи рухдода ҷустани гунаҳгор ва айбдоркуниҳои дуҷониба роҳи ҳалли масъала нест, аз ин рў ҷонибҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, изҳор медорем, ки Медиа-Алянси Тоҷикистон тайёр аст дар ин қазияи рухдода ба ҳайси миёнарав баромад кунад.Хуршедчон Ниёзовкотиби генералии Медиа Алянси Точикистон








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






