КӮМАКИ БОНКӢ БАРОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ТЕХНОЛОГӢ

Январь 31, 2011 16:48

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). —  Ҳанӯз соли 2005 аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади  муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳо бо технологияи нави бонкдорӣ ва дар ин замина баланд бардоштани савияи дониши кормандон ба миқдори 240 ҳазор доллари ИМА грант ҷудо гардида буд. Маблағи ҷудогардида барои дастрас ва ҷорӣ намудани барномаи нав ва муосири бонкдории RS-Bank, бозомӯзии кормандон ва таъмини муассисаҳо бо  техникаи соҳавӣ аз тарафи Амонатбонк масраф   гардид. Имрӯз маҳз тавассути гранти мазкур тамоми 75 филиали бонк ба тавозуни ягонаи муттамарказ ворид гардида, фаъолияти ҳамаи муассисаҳо аз рӯи барномаҳои муосири бонкдорӣ сурат мегиранд. Ҳамзамон қисмати зиёди мутахассисони бонк тавассути маблағгузории номбурда дар дохил ва хориҷи кишвар бо таҳсил ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки имрӯз дар бахшҳои гуногун фаъолияти самарабахш мебаранд. Ин масоил ва дигар тарафҳои ҳамкориҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Бонки Исломии Рушд дар мулоқоти  намояндагони ин ташкилоти молиявии бонуфуз дар ҳайати  Ҳусейн Зивалч – мутахассиси калон оид ба нархгузорӣ, Фазлиддин Тулагонов – мутахассис оид ба нархгузории Департаменти нархгузории амалиётии БИР ва Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора  Ҳасанова мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот ҳамчунин қайд гардид, ки «маҳз кӯмаки Бонки Исломии Рушд  дар баланд бардоштани   сатҳи техникию технологии муассисаҳои бонк ва донишу малакаи кормандон  таъсири  мусбат гузошт». Имрӯз Амонатбонк бо барнома ва техникаву технологияи ҷадиди бонкдорӣ муҷҷаҳаз буда, сатҳи фаъолияти он  мутобиқ ба стандарҳои байналмилалӣ мебошад.

Январь 31, 2011 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад