КОРИ АНДОЗСИТОНҲОИ ФАЙЗОБОД НАЗАРРАС АСТ
Файзобод, 27 январ. (АМИТ «Ховар», З. Давлатова). — Соли 2010 барои кормандони Кумитаи андози ноҳияи Файзобод чун солҳои пешин соли бобарор буд. Кормандон иҷрои нақшаи солонаро ба андозаи 109,5 фоиз таъмин намуданд ва ба ҷои 9 миллиону 746 ҳазору 234 сомонӣ ба буҷаи ноҳия 10 миллиону 669 ҳазору 190 сомонӣ маблағҳои андоз ворид гардид, ки нисбат ба нақша 922 956 сомонӣ зиёд аст. Нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмӯъ бо назардошти хароҷот 119,7 фоиз иҷро гардид. Соли гузашта иҷрои ҳамаи намудҳои андоз дар ноҳия пурраю барзиёд иҷро гардид Нозироти андози ноҳия баҳри тадбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи тартиби додани патент ва шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкории худро бе таъсири шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд» як қатор корҳоро анҷом дод. Дар ин давра ба 537 нафар соҳибкорон патент ва шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкорӣ дода шуд, ки маблағи онҳо аз рӯи патент, андоз аз даромад, андоз аз фурӯши чакана ва андози иҷтимоӣ 621 471 сомониро ташкил дод. Дар ҳудуди ноҳия 55 адад машинаҳои назорати хазинавӣ дар дӯконҳои савдо гузошта шудааст, ки ҳамаи онҳо дар хизмати аҳолӣ қарор доранд. Ҳар як дастуру супорише, ки аз ҷониби Сарвари давлат, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва нозироти андози ҷумҳурӣ ба мо вобастагӣ дорад, мо кормандони нозироти андоз онро сари вақт иҷро менамоем, гуфт зимни сӯҳбат Ислом Табаров, сардори шӯъбаи хизматрасонӣ ва андозситонӣ аз шахсони ҳуқуқии ноҳияи Файзобод.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






