МАРКАЗИ ҲОЗИРАЗАМОНИ ТАҲЛИЛӢ
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Дишодаи Ҷонмард).- Дар Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ба хабарнигорони ВАО иттилоъ доданд, ки аз лиҳози сохторӣ Марказ дорои 10 раёсат мебошад, ки аз онҳо 8 раёсат ба татқиқоти илмӣ машғуланд. Ҳамчунин, шӯрои илмӣ, шӯрои илмию методӣ ва шӯрои табъу нашр амал мекунанд. Марказ аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ ба ҳайси яке аз марказҳои ҳозиразамони таҳлилӣ эътироф гардида, чун маркази миллии тадқиқотии СҲШ кишвари моро дар Форуми Шанхай намояндагӣ мекунад. Равобити байналмиллалии марказ бо марказҳои зиёди таҳқиқотию стратегӣ ва ташкилотҳои давлатии Британияи Кабир, Фаронса, ИМА, Олмон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон, Латвия, Белоруссия, Афғонистон ва дигар кишварҳо ба хубӣ ба роҳ монда шуда, имкон медиҳад, ки рӯйдодҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҳамеша дар мадди назар қарор дошта бошанд. Дар нишаст зикр гардид, ки вазифаҳои асосӣ ва умдаи марказ аз таҳлил ва пешгӯии равандҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон иборат мебошад.