МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙНРО ҶАВОНОН МУАЙЯН МЕКУНАНД

Январь 15, 2011 11:09

    Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд намояндагони ҷавонони шаҳр ҷамъомад гузаронида, дар атрофи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карданд.   Мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов, мудири шӯъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва робита бо иттиҳодияҳои ҷамъиятиву сиёсии дастгоҳи раиси шаҳр Абдурауф Дадобоев, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзоғанӣ Валиев оид ба моҳияти нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳими дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва тарбиявӣ сухан гуфтанд.   Тавре сайти расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, лоиҳаи Қонуни мазкур аз тарафи иштироккунандагон комилан дастгирӣ гардида, якчанд таклифу пешниҳод иброз шуданд. Аз ҷумла, донишҷӯи бахши якуми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Дилшод Бобоев ба моддаи 3-и Қонун илова намудани калимаи “мавсимӣ”-ро пешниҳод намуд.   Аз тарафи сарвари Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии бачагону наврасони № 1” Хуршед Ҳомидов пешниҳод гардид, ки дар моддаи 12-и лоиҳаи Қонун ба ҷавобгарӣ кашидани падару модароне, ки ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ҳамин қонунро амалӣ намекунанд, мушаххас баён шавад.

Январь 15, 2011 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад