МУВАФФАҚИЯТИ МАОРИФЧИЁН
Варзоб, 26 январ.(АМИТ«Ховар», Ҳотам Рабиев).- Соли 2010 барои маорифчиёни ноҳияи Варзоб соли бобарор буд. Дар озмуни минтақавии «Муаллими сол» омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 29-и ноҳия Маъруф Неъматов сазовори ҷои аввал дониста шуд. Ҳамчунин дар озмуни «Ихтироъкорони наврас», ки ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ бахшида шуда буд, хонандагони мактабҳои рақами 11,28,29,46 ғолиб гардида, дар даври ҷумҳуриявии озмун иштирок намуданд. Иштироки фаъолонаи хонандагони мактабҳои ноҳия далели он аст, ки сатҳи дониши хонандагон сол то сол беҳтар мегардад.