НАХУСТИН ҶАЛАСАИ СИТОДИ НАВРӮЗ -2011
Душанбе, 31 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Нахустин ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ҷиҳати таҷлили Наврӯзи байналмилалии соли 2011 дар Душанбе таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд. Дар кори ситод муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, вазирони маорифу фарҳанг, ректорони донишгоҳҳои олии дар пойтахтбуда ва санъаткорону ҳунармандон иштирок доштанд. Раиси шаҳр таваҷҷӯҳи масъулинро ба моҳияти баргузории Наврӯзи байналмилалӣ ҷалб намуда, вобаста аз ҷузъиёти сенарияи тасдиқшуда, ҷиҳати шурӯи корҳои омодагӣ дастурҳои мушаххас дод. Бо дарназардошти ҷалби васеи иштирокдорон дар барномаҳои театрикунонидаи Наврӯзӣ, ки аз потенсиали донишҷӯён истифода мешавад, муқаррар гардид, ки тибқи нақшаи бо ректорони донишгохҳо мувофиқашуда бе халалдор намудани ҷараёни таълим машқҳои омодагӣ ба роҳ монда шавад. Раиси шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати ташкили хӯроки яквақта ба донишҷӯён, таъмини ҳолати санитарӣ дар машқгоҳ – Наврӯзгоҳи шаҳрӣ (собиқ Ипподром) ва дастгирии молиявию пардохти хароҷоти роҳкиро ба донишчӯён, тадбирҳои воқеӣ андешида шаванд.








Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






