НАСБИ ҲИСОБКУНАКҲОИ БАРҚӢ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 28 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар шаҳри Кӯлоб пардохти ҳаққи хизматрасонии нерӯи барқ аз ҷониби ташкилоту муассиса ва аҳолӣ сол аз сол коҳиш меёбад. Абдунабӣ Илёсов муовини директори ҶСК шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки ҷамъи умумии қарзи ташкилоту корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ ба 17 миллиону 947 ҳазору 100 сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 6 миллиону 739 ҳазору 800 сомонӣ зиёд аст. Бештар корхонаҳои саноатӣ-11 ҳазору 900 сомонӣ, хоҷагии қишлоқ-58 300 сомонӣ, корхонаи обу ташноб- 975 708 сомонӣ ва дигар ташкилотҳо қарздоранд, ки масъулини ин корхонаҳо нисбат ба пардохти ҳаққи барқ беэътиноӣ зоҳир намуда, то ин муддат маблағи истифодаи барқро пардохт накардаанд. Абдунабӣ Илёсов афзуд, ки айни замон кормандони фурӯши барқ ба насб кардани ҳисобкунакҳои барқӣ машғул буда то ин муддат 2150 муштариро бо ҳисобкунакҳои барқӣ таъмин намудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






