НАТИҶАҲОИ САНҶИШИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ МӮЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 20 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Бино ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи сардухтури маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Мӯъминобод Ҳикматулло Исмоилов дар давоми соли сипаригардида кормандони марказ дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратура ва шӯъбаи корҳои дохилӣ 525 санҷиши эпидемиологӣ гузарониданд, ки дар натиҷа бо қарори сардухтури марказ ба 47 нафар шахсони масъул огоҳӣ дода, ба 22 нафар шахсони алоҳида ҷарима баста шуд ва маблағи ҷарима 1180 сомониро ташкил дод. Ба гуфти манбаъ дар ин муддат фаъолияти якчанд нуқтаи хӯроки умумӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, мағозаҳои дохили бозори марказӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ то ислоҳи камбудиҳо муваққатан боздошта шуд. Мавриди зикр аст, ки кормандони марказ айни ҳол маҳсулоти хӯрокӣ, аз қабили гӯшт, шир, мева, сабзавот, маҳсулоти консервагӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро аз санҷиши эпидемиологӣ гузаронида, баъдан ба фурӯши маҳсулот иҷозат медиҳанд. Ҳикматулло Исмоилов афзуд, ки мушкилии асосии кори марказ нарасидани мутахассисон мебошад, зеро ба ҷои 31 нафар ҳамагӣ 8 нафар фаъолият мекунанд. Сабаби нарасидани мутахассисонро дар кам будани маош мебинанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






