НАЗОРАТИ ВОЛИДАЙНРО ПУРЗӮР НАМОЕМ
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Баъди ба аҳолии кишвар вогузор намудани муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сокинони ноҳияи Фирдавсии пойтахт пиромуни ин мавзӯъ ҷамъомаду мулоқоти судманд доир менамоянд. Имрӯз дар маҷлисгоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 42-и ноҳия бо иштироки намояндагони Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, прокуратураи генералӣ, вазорати маориф, шӯъбаи маориф, сарварони мактабҳои ноҳия, падару модарон ва собиқадорони меҳнат ҷамъомад баргузор гардид. Шаҳрвандон дар баробари омӯзиши лоиҳаи Қонуни мазкур бо ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ таклифу пешниҳоди худро иброз намуданд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ, сарвари мактаби номбурда Мавлуда Ҳомидҷонова дар баромади худ иброз намуд, ки қабули Қонуни мазкур муҳим ва саривақтӣ мебошад ва мо аҳли зиё ҳаматарафа онро ҷонибдорӣ менамоем. Парастории фарзандро набояд танҳо бар дӯши падару модар гузошт, барои тарбияи наврас бояд волидайну мактаб ва дар маҷмӯъ худи ҷомеа саҳмгузорӣ намуда, ҷавобгарӣ низ бар дӯши ҳамагон бошад. Ӯ, ҳамчунин, пешниҳод намуд, ки дар боби 1 моддаи 3 чунин илова ворид гардад: Фарзанди ноболиғ аз соати 22.00 то 06.00 не, балки аз соати 20.00 то 06.00 дар назорати волидайн бошад. Собира Саъдуллоева, модари яке аз хонандагон пешниҳод намуд, ки толибае, ки бо зару зевари гаронбаҳо ба мактаб меояд, волидайни ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бобокалон Мирзоев- собиқадори меҳнат таклиф намуд, ки одамони калонсол, аз ҷумла падару модарон дар назди фарзанди ноболиғ суханони қабеҳ нагӯянд. Дар ҳолати гуфтани чунин суханон волидайн ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳозирин таклифу иловаҳои дигари худро низ дар ҷамъомад иброз намуда, дар охир бори дигар қабули Қонуни мазкурро ҳатмӣ ва барои ҷомеаи имрӯзаи мо самарабахш арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






