ПАРДОХТИ 35 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҚАРЗИ МУЗДИ МЕҲНАТ БА СОҲИБОНАШ

Январь 17, 2011 16:20

  Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «Мақомоти прокуратура дар соли 2010-ум вобаста ба ҳолати иҷрои қонунҳо 6600 санҷиш гузаронида, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо зиёда аз 33 800 санадҳои эътиноии прокурорӣ баровард»,- гуфт Прокурори генералии ҷумҳурӣ Салимзода Шерхони Одина дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.     Дар натиҷаи баррасии онҳо зиёда аз 21 800 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 1638 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Ҷуброни зарари расонидашуда аз қонунвайронкуниҳо маблағи 186 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва 90 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод, ки аз он қариб 124 миллиону 500 ҳазор сомониаш ба буҷети кишвар ворид шуд. Дар рафти гузаронидани санҷиш дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ 5507 сар чорво ба тариқи асл барқарор карда шуд.    Бо дахолати бевоситаи прокуророн зиёда аз 35 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнати кормандони муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳои соҳаҳои гуногун ба соҳибонашон баргардонида шуда, 120 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарзи андоз ба буҷет барқарор гардид, қайд кард Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

Январь 17, 2011 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад