РӮЗИ МОТАМ ДАР МАСКАВ

Январь 26, 2011 17:30

   Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз, 26 январ дар пойтахти Русия ва шаҳрҳои назди Маскав барои поси хотири қурбоншудагони ҳодисаи терористӣ дар фурудгоҳи Домодедова рӯзи мотам эълон гардид.    Тавре аз Агентии иттилоотии Русия (РИА Новости) хабар доданд, «ба хотири пос доштани хотираи ҳалокшудагони ҳодисаи террористӣ, ки 24 январ дар фурудгоҳи Домодедова ба вуқӯъ пайваст, раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин қарор қабул намуд, ки 26-уми январи соли 2011-ро дар шаҳри Маскав рӯзи мотам эълон намояд».Дар ин рӯз дар шаҳри Маскав ва шаҳрҳои назди он парчамҳои давлатӣ фароварда шуданд.    Ёдовар мешавем, ки таркиш 24 январ, соати 16.32 дақиқа дар фурудгоҳи Домодедова ба амал омад. Тибқи маълумоти пешакӣ маводи тарканда дорои иқтидори калон-то 5 килограмм эквиваленти тротилро доро будааст. Аз рӯи ин ҳодиса тибқи чор моддаи КҶ ФР, аз ҷумла бо моддаи «ҳодисаи террористӣ» парванда кушода шуда, тафтиш идома дорад.

Январь 26, 2011 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид