РАИСИ НАВИ ФРАКСИЯИ ҲХДТ ДАР ПАРЛУМОН
Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо пешниҳоди Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ Эмомалӣ Раҳмон, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Махфират Хидирова дар ҷаласаи навбатии фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Раиси фраксияи ҲХДТ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов мттилоъ дод. Қаблан Ҷумъабой Сангинов вазифаи Раиси фраксияи ҲХДТ –ро дар Маҷлиси намояндагон ба ӯҳда дошт. Бояд зикр кард, ки Ҷ. Сангинов чанде пеш бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ муовини аввали Раиси вилояти Суғд таъин гардид. Махфират Хидирова доктори илми фалсафа буда, ду навбат аст, ки вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ интихоб мегардад. Шукурҷон Зуҳуров Раиси Маҷлиси намояндагон барои фаъолияти минбаъда дар ин кори пурмасъулиятнок ба М. Хидирова комёбӣ таманно намуд. Дар ҷаласа муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифов ҳузур дошт.