РУШДИ БОМАЙЛОНИ ТИБ ДАР СУҒД

Январь 4, 2011 09:39

      Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Солҳои охир дар вилояти Суғд маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ вусъат меёбад. Агар соли 2007 барои соҳаи тандурустӣ 297 миллиону 437 ҳазору 62 сомонӣ ҷудо гардида бошад, соли 2008 44 миллиону 860 ҳазору 543 сомонӣ ва соли 2009 69 миллиону 912 ҳазору 786 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Дар соли 2010-ум 91 миллиону 562 ҳазору 117 сомонӣ ҷудо шуд, ки ин нисбат ба соли 2007 308 фоиз зиёд аст.     Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, соҳибкорон ва сокинони вилоят таъмири шӯъбаи амрози дарунаи беморхонаи минтақавии ҷамоати Ашт, шӯъбаи амрози занона ва бемориҳои дили беморхонаи ноҳиявии №1 ҷамоати Қистакӯз ва шӯъбаи бачагонаи беморхонаи ноҳиявии №4 ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, сохтмони хонаи саломатии Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, таъмиру барқарорсозии шабакаи гармидиҳии беморхонаи марказии шаҳри Конибодом, сохтмони шӯъбаи таваллуд ва амрози занонаи беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон ба анҷом расид. Чунин иншоот дар шаҳру навоҳии Зафаробод, Қайроққум, Мастчоҳ, Чкалов ва Табошар низ таъмиру азнавсозӣ шуданд.    Дар муассисаҳои тиббии вилоят таъмири куллии хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ ба маблағи 160 000 сомонӣ, таъмири осоишгоҳи бачагонаи «Равшан» ба маблағи 100 000 сомонӣ, таъмири бом ва ҳуҷраи табобати ҷисмонии маркази вилоятии шараёни дил ба маблағи 90 000 сомонӣ, таъмири боми анбори махсуси тиббӣ ба маблағи 50 000 сомонӣ, таъмири бом ва ҳуҷраҳои табобатию корӣ бо дастгирии ташкилоти байналхалқӣ ва таъмири ҳуҷраҳои табобатии маркази вилоятии наркологӣ бо маблағгузории буҷаи вилоят ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ ба итмом расид.    Дар соли 2011 лоиҳаи таъмири куллии бинои Маркази мубориза бар зидди бемории сили вилоят ба маблағи 7 млн. евро бо дастгирии Бонки Рушди Олмон ба нақша гирифта шудааст.

Январь 4, 2011 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд