САБАБҲОИ ХУДКУШӢ: ЗӮРОВАРӢ, ХУШУНАТ Ё…
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард) .-Моҳи апрели соли ҷорӣ барои дарёфти грантҳои президентӣ байни соҳибкорон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври нави озмун эълон гардид,, ки 30 нафар соҳибкорон ғолибони грантҳои Президентӣ гардиданд, иброз дошт зимни нишасти матбутӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ Сумангул Тағоева. Мавсуф қайд намуд, ки тавассути татбиқи ин лоиҳаҳо корхонаҳои хурди дӯзандагӣ, қаннодӣ, сехҳои заргарӣ, мӯҳрабофӣ, хоҷагиҳои чорводориву асалпарварӣ таъсис ёфта, 332 нафар бонувон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон, 20 лоиҳа дар байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа дар байни занону духтарон соҳиби гранти Президентӣ гардиданд. Ҳамчунин зикр гардид, ки соли сипаригардида 703 ҳолати худкушии занону духтарон ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 106 адад зиёд мебошад. Сабаби асосии ин ҳодисаи номатлубро раиси Кумита гирифторӣ ба касалии рӯҳӣ, хушунат ва зӯроварӣ дар оила арзёбӣ намуд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






