САБАБИ КАМУ ЗИЁДШАВИИ ҲАМЛУ НАҚЛИ БОРУ МУСОФИР ДАР ЧИСТ?
Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова ). — Соли 2010 барои кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо бисёр рӯйдодҳои муҳиму фараҳбахш хотирмон буд. Дар фурудгоҳ барномаи пешрафти нишондиҳандаҳои асосии баланд бардоштани сифат ва самаранокии кор амалӣ гардид. Дар соли 2010 – ум фоидаи умумии фурудгоҳ 69,4 млн. сомониро ташкил дода, ба буҷети ҷумҳурӣ 45,5 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Парвозҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 20 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷаи дур, 11 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои ИДМ ва 3 ширкати маҳаллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – «Тоҷик Эйр» ва «Ист Эйр» ба амал бароварда мешаванд. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2010 ба 586 956 мусофири парвозкарда ва 486 938 мусофири омада хизмат расонид. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ 1 миллиону 913 тоннаю 987 кг – ро ташкил дод, ба 7190 рейсҳои доимию чартерӣ ва боркашонӣ хизмат расонида шуд. Ба сурати умум аз рӯи моҳҳо тамоили болоравӣ ва камшавии ҳамлу нақли мусофирону борҳо ба назар мерасад. Сабаби чунин тамоюл пеш аз ҳама таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ҳамаи намудҳои боркашонӣ, камшавии талабот ба муҳоҷирини меҳнатӣ дар мамлакатҳои ИДМ ва хориҷаи наздик, инчунин суръати паст ва дар баъзе ҳолатҳо коҳиш дидани рушди иҷтимоӣ — иқтисодии мамлакатҳое мебошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаи ҳавоӣ доранд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






