«САФИНА»-ИНТИЗОРИ ЛАЁҚАТМАНДҲОСТ

Январь 12, 2011 17:13

    Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ин тарғибу ташвиқи намудҳои гуногуни варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва пешгирии паҳншавии одатҳои номатлуб миёни ҷавонон, зарари тамокукашӣ ба саломатии инсон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, саҳнаҳои тарбиявӣ ва сӯҳбату андешаҳои олимону адибон, ҳирси пулу мол ва оқибатҳои нохуши он мебошад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори ТВ «Сафина» Лутфулло Давлатов ба хабарнигорони ВАО.   Ҳамчунин зикр гардид, ки барномаҳои «Ҷасорат», «Арсагоҳ», «Вусъати майдонам орзуст» ва «Масири варзиш» дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмиллалӣ маълумот дода, пайваста дар бораи мушкилоти ҳалталаби соҳаи варзиш ҳарф мезананд.   Дар охири нишаст Лутфулло Давлатов изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки мо барои хамкорӣ бо рӯзноманигорони лаёқатманд омодаем ва барои онҳо шароити мусоид фароҳам меоварем. 

Январь 12, 2011 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон