САРФАИ 1,5 МЛН. ДОЛЛАР ДАР ДУ СОЛ

Январь 31, 2011 16:53

Душанбе, 31 январ. ( АМИТ «Ховар», Сангзода  Муслиҳиддин). —  Бино ба гуфти  директори  муассисаи давлатии  Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» Усмон  Сабзов  дар самти барқарорсозии  инфрасохтор ба ҷои 50-60 зерлоиҳаи   нақшавӣ зиёда аз 125 зерлоиҳа  пешниҳод гардид, ки  онҳо омӯхта шуда, лоиҳаҳои  беҳтарин  ба Бонки Рушди  Осиё пешниҳод шуданд.   Аз ҷумла,  36 зерлоиҳа аз ноҳияи Рӯдакӣ, 9 зерлоиҳа аз ноҳияи Варзоб,  30 зерлоиҳа аз шаҳри Ваҳдат, 10 зерлоиҳа аз шаҳри Роғун, 40 зерлоиҳа аз ноҳияи Файзобод омода гардиданд.  Мавсуф  зикр намуд, ки   аз рӯи ин зерлоиҳаҳо  дар  се иншоот, аз ҷумла иншооти дохилихоҷагии «Дашти бед», деҳаи  Навободи ноҳияи Ваҳдат,  инчунин  «Сохтмони  хати  оби  нӯшокӣ» дар деҳаи  Тахти алифи ҷамоати  Чашмасори  ноҳияи Файзобод корҳои  амалӣ оғоз гардиданд.    Усмон Сабзов гуфт, ки теъдоди коршиносони байналмилалиро  кам намуда  ба  ҷои онҳо 13 нафар мутахассисони маҳалиро бо ҷойи  кор таъмин намудем. Дар давоми ду сол зиёда аз 1,5 млн. доллари ИМА маблағ сарфа   шуд ва  аз ҷониби дигар самаранокии корҳо  баланд гардид.

Январь 31, 2011 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад