СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТ МЕАФЗОЯД

Январь 17, 2011 14:56

   Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- « Содироти молу маҳсулот дар соли 2010-ум нисбат ба соли 2009-ум афзоиш ёфтааст. Чунончи содироти нахи пахта дар соли сипаригардида 95 ҳазору 320 тоннаро ташкил дод, ки 8 676 тонна нисбат ба соли 2009 зиёд мебошад »,- гуфт муовини раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъмат Раҳматов дар нишасти матбуотие, ки 17 январ доир гардид.    Инчунин, номбурда қайд кард, ки дар соли сипаришуда дар содироти маҳсулот мавқеи асосиро алюминий, меваю сабзавот, маҳсулоти консервагии меваю сабзавот ва пӯст ташкил доданд.    Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ба хазинаи давлат 1 миллиарду 714,7 миллион сомонӣ ворид намуд, ки ин 92,7 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дод, гуфт муовини раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Январь 17, 2011 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон