СУДЯҲО БОЯД СОҲИБМАЛАКА БОШАНД

Январь 10, 2011 14:58

    Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуд. Дар нишаст оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои адлия ва судҳои ҷумҳурӣ дар соли 2010 сухан рафт.    Зикр гардид, ки бо дарназардошти малакаи дониши касбӣ ва собиқаи корӣ бо пешниҳоди Шӯрои адлия 182 нафар судяҳо бо Фармони Президенти мамлакат аз 17 апрел ва 25 май, ҳамчунин аз 8 декабри соли 2010 ба вазифаи судягӣ таъин шуданд. Аз ин шумора 55 нафар коромӯз-судя буда, пас аз гузаштани мӯҳлати яксолаи таҷрибаомӯзӣ бори аввал ба ин вазифа таъин шуданд, ки 9 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.    Ҳамзамон, се нафар судя бо сабаби ба вазифаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва муовини Раиси Суди олӣ интихоб шудан, 8 нафар бо хоҳиши худ, 4 нафар бо сабаби вафот, 3 нафар бо сабаби нисбат ба онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд ва 3 нафар судяҳо бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз вазифаашон озод гардиданд.    Дар давраи ҳисоботӣ ба Дастгоҳи Шӯрои адлия 2460 адад мавод ворид шуд, ки нисбат ба соли сипаришуда 424 мавод зиёд мебошад.    Дар охир Раиси Шӯрои адлия З. Азизов аз камбудиҳо дар фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ ёдрас шуд.

Январь 10, 2011 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад