ТАҒЙИРОТ ДАР ПАРДОХТИ АРЗИШИ МАҲСУЛОТИ ДОРУВОР

Январь 19, 2011 17:04

   Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 як қатор номгӯйи маҳсулоти дорувории ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз пардохти андозу арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод шуда буд. Ба ин қарор тағйирот илова карда шуд.    Перомуни ин масъала мухбири АМИТ «Ховар» бо муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Маҳмадов сӯҳбат орост.     Мӯҳтарам Нуриддин Маҳмадов ба тағйироте, ки дар қарори боло зикр шуд, равшанӣ андозед.    Баъди ворид намудани тағйирот ба қарори дар боло зикр шуда (тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 531 аз 2 октябри соли 2010) мавқеъи молии 3003 ва 3004-и номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, яъне маҳсулоти доруворӣ аз номгўи маҳсулоти дорувории аз пардохтҳо озодшаванда аз 1-уми январи соли 2011 хориҷ карда шуданд.    Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» барои воридоти ин намуд маҳсулоти доруворӣ дар соли 2011 андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 5% муайян карда шудааст.   Яъне, аз 1 январи соли 2011 ҳангоми ворид намудани маҳсулоти доруворӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорон аз арзиши гумрукии доруворӣ, ки бо мавқеи молии 3003 ва 3004-и номгўйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тасниф мешаванд, ба андозаи 5% андоз аз арзиши иловашуда бояд супоранд. Ҳамчунин агар доруворӣ истеҳсоли давлатҳои ғайри Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) бошад, иловатан аз арзиши гумрукии доруворӣ мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 450 аз 25 октябри соли 2003 ба андозаи 5% боҷи гумрукӣ низ ситонида мешавад.     Зикр кардан бамаврид аст, ки дар соли 2010 ба ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ 7 837 тонна маҳсулоти доруворӣ ба маблағи 116,7 миллион доллари амрикоӣ ворид гаштааст.     Дар соли ҷорӣ низ сабукии хироҷ ба ягон номгӯйи молу маҳсулот дар асоси қарор пешбинӣ шудааст?      Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 472 «Дар бораи тасдиқи андозаи хироҷҳои гумрукӣ барои хизматрасонии гумрукӣ» меъёрҳои хироҷҳои гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ аз 10 то 900 доллари ИМА муқаррар шудаанд.   Лоиҳаи қарори ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Хадамоти гумрук пешниҳодшуда меъёрҳои баландтарини хироҷҳои гумрукиро ду баробар кам менамояд, яъне меъёрҳои баландтарин 450 доллари амрикоӣ муайян шуда, хироҷ барои мушоияти гумрукии мол якуним баробар, яъне аз 3 ба 2 доллари амрикоӣ барои 10 км ва инчунин, хироҷ барои нигаҳдории мол дар анборҳои мақомоти гумрук ду баробар, яъне аз 1 то ба 0,5 доллари америкоӣ дар як шабонарўз кам карда мешавад.    Қабули лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки аз як тараф, ба раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тақвият дода шавад, аз тарафи дигар сабукӣ барои пардохти хироҷҳои гумрукӣ ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар ҳолатҳои барасмиятдарории гумрукӣ, мушоияти гумрукӣ ва нигаҳдории мол дар анборҳои мақомоти гумрук пешниҳод шавад.   Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти омории гумрукӣ гардиши тиҷорати хориҷӣ дар соли 2010 3 миллиарду 847, 3 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 330 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.  

Январь 19, 2011 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст