ТАҶҲИЗОТИ НАВИ ФУРУДГОҲ
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-Дар фурудгоҳи Душанбе барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоии бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкоридошта чораҳои амалӣ дида мешавад. Ҳавопаймоҳои замонавӣ вобаста ба тамғаи худ ҳар яке таҷҳизоти хизматрасон доранд ва доштани ҳамин гуна таҷҳизотро аз фурудгоҳҳои ҳамкоридошта тақозо менамоянд. Мошин ва механизмҳои хизматрасон гуногунтамға буда, ҳар яке барои иҷрои кори алоҳида пешбинӣ мешаванд. Тавре маълум аст, имрўзҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар қатори ҳавопаймоҳои истеҳсоли собиқ шўравӣ аз ҳавопаймоҳои тамғаи «Боинг» зиёд истифода мекунанд. Таҷҳизот ва дигар мошину механизмҳое, ки ба ҳавопаймоҳо хизмат мерасониданд, бо мурури замон кўҳна шудаанд. Бинобарин роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе тасмим гирифтаанд, ки таҷҳизот ва мошину механизмҳои замонавӣ харанд. Дирўз ба фурудгоҳ бештар аз 10 намуд мошину механизмҳо ворид шуданд. Дар қатори зинапоя, дастгоҳи барқдиҳанда, механизмҳои борбардор ва борфурор, мошини барфрўбии махсус барои тоза кардани хати парвоз, дастгоҳи муҳими замонавӣ барои фуровардани контейнерҳо аз ҳавопаймоҳои калонҳаҷм пешбинишуда ва дастгоҳи пошдиҳандаи зидди яхбандӣ ворид шуд. Дар қатори мошин ва механизмҳо 100 адад аробачаи борбардор, ки барои мусофирон пешбинӣ шудааст, дастрас гардид. Боварӣ дорем, ки бо ба кор даровардани мошин ва механизмҳои нав сатҳи хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон баланд хоҳад шуд, гуфт дар сўҳбат муовини сардори Хадамоти хизматрасониҳои рўизаминӣ Табар Қурбонов. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






