ТАЪМИНИ 768 НАФАР БО КОРИ ДОИМӢ

Январь 27, 2011 15:18

   Кӯлоб, 27 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Раёсату шӯъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои кор бо ҷавонон ва кордиҳандагон 108 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузарониданд, ки дар онҳо 1014 корхона ширкат варзида, 18 701 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод карданд.   Тавассути гузаронидани ярмаркаҳо 601 нафар бо касбомӯзӣ, 319 нафар бо корҳои ҷамъиятӣ ва 768 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Гузаронидани чунин чорабиниҳо ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ мусоидат намуда, тибқи саҳомият 214 нафар шахсони эҳтиёҷманд айни ҳол дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақа бо кор таъмин гардиданд.     Иҷрои нақшаи саҳомият дар шаҳри Кӯлоб 97, 1 фоиз, дар ноҳияи Восеъ 85,5 фоиз, ноҳияи Мӯъминобод 100 фоиз, ноҳияи Темурмалик 87 фоиз, ноҳияи Шӯрообод 100 фоиз, ноҳияи Фархор 72,2 фоиз, ноҳияи Ҳамадонӣ 97 фоиз, Ховалинг 100,7 фоиз ва дар минтақа 99,5 фоизро ташкил медиҳад.

Январь 27, 2011 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад