ТАМОКУКАШОНРО КӢ ҶАРИМА МЕКУНАД?

Январь 11, 2011 15:29

   Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар арафаи соли 2011 дар баробари имзои қонунҳои нав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истеъмоли тамоку» имзо гузошт, ки тибқи он шахсони инфиродӣ барои қонуншиканӣ ба андозаи аз 5 то 15 нишондиҳанда (як нишондиҳанда ба 35 сомонӣ баробар аст) ва ашхоси ҳуқуқӣ аз 3 то 300 нишондиҳанда ҷарима мешаванд. Тибқи қонуни мазкур дар сар то сари кишвар истеъмолу фурўши тамоку дар назди мактабҳо, беморхона, биноҳои идораю корхонаҳо (сарфи назар аз сохти моликияташон), дар майдони ҳавоӣ, истгоҳ, санаторияю профилактория, иншооти варзишию фарҳангӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ шудааст, ки беҳтарин тадбир дар бораи солим нигоҳ доштани ҷомеа мебошад,- гуфт духтури рўҳшинос Аҳмад Тўраев ба мухбири АМИТ «Ховар». Аммо ба гуфти духтур дар бораи механизми иҷрои Қонун то имрўз чизе гуфта нашудааст, ки ин боиси баъзе нофаҳмиҳо мегардад. -Хуб мешуд, ки механизми иҷрои Қонун фавран амалӣ гардида, маблағи ҷарима ба суратҳисоби НБО-и «Роғун» гузаронида шавад ва ҳар моҳ оид ба шаффофияти иҷрои он тавассути матбуоти даврӣ ба аҳолӣ маълумот пешниҳод гардад, илова намуд А. Тўраев, зеро бо иҷрои ин Қонун ҳам кишвар обод мешаваду ҳам ҷомеа солим боқӣ мемонад.   

Январь 11, 2011 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид