ТЕЪДОДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ЧАНД АСТ?
Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 200 иншооти нави таъиноти гуногундошта дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва соҳибкорон сохта мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, масъалаи тақвияти корҳои омодагӣ ва татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар сархати масоили асосии ҷаласа қарор дошт. Зикр шуд, ки минбаъд барои назорати ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги ҷашнӣ, ба мисли «Душанбе-плаза», Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар Буни Ҳисорак ва Наврӯзгоҳи шаҳрӣ (собиқ ипподром) ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа бо иштироки Раиси шаҳр ҷаласаҳои сайёр доир мешаванд.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






