ТОҶИКИСТОН АЛОҚАМАНДИ ТАВСЕАИ РАВОБИТ БО КОРЕЯИ ҶАНУБИСТ

Январь 13, 2011 16:58

    Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҷумҳурии Корея барои омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва таъмини идораҳои давлатии Тоҷикистон бо технологияҳои муосир ва таҷҳизоти фаннӣ иқдоми хубро рӯи даст гирифтааст», гуфт зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ро Сунг Мин.   Мавсуф афзуд, ки иштироки ширкати «ЕНГИНЕРИНГ»-и Кореяи Ҷанубӣ дар сохтмони бинои 20-ошёнаи маркази савдои «Душанбе-Плаза»-и Тоҷикистон, таъмини бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияҳои муосир ва имзои Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Агентии Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ ҷиҳати амалӣ намудани корҳои тадқиқотӣ барои омода намудани лоиҳаи таҷрибавии иқтисодӣ-техникӣ вобаста ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон аз намунаҳои барҷастаи ин иқдоми башардӯстонаи кишвари ба мо дӯсти Корея ба шумор меравад.   Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки Тоҷикистон алоқаманди ба роҳ мондани ҳамкориҳои худ бо Ҷумҳурии Корея дар заминаҳои энергетика, саноат, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахши кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва ашёи хом мебошад.  Дар мулоқот, ҳамчунин, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Кореяи Ҷанубиро баррасӣ карданд. 

Январь 13, 2011 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест