ТОҶИКИСТОН АЛОҚАМАНДИ ТАВСЕАИ РАВОБИТ БО КОРЕЯИ ҶАНУБИСТ
Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҷумҳурии Корея барои омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва таъмини идораҳои давлатии Тоҷикистон бо технологияҳои муосир ва таҷҳизоти фаннӣ иқдоми хубро рӯи даст гирифтааст», гуфт зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ро Сунг Мин. Мавсуф афзуд, ки иштироки ширкати «ЕНГИНЕРИНГ»-и Кореяи Ҷанубӣ дар сохтмони бинои 20-ошёнаи маркази савдои «Душанбе-Плаза»-и Тоҷикистон, таъмини бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияҳои муосир ва имзои Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Агентии Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ ҷиҳати амалӣ намудани корҳои тадқиқотӣ барои омода намудани лоиҳаи таҷрибавии иқтисодӣ-техникӣ вобаста ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон аз намунаҳои барҷастаи ин иқдоми башардӯстонаи кишвари ба мо дӯсти Корея ба шумор меравад. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки Тоҷикистон алоқаманди ба роҳ мондани ҳамкориҳои худ бо Ҷумҳурии Корея дар заминаҳои энергетика, саноат, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахши кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва ашёи хом мебошад. Дар мулоқот, ҳамчунин, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Кореяи Ҷанубиро баррасӣ карданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






