ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШБУРДИ СИЁСАТИ «ДАРҲОИ КУШОДА»

Январь 13, 2011 15:45

       Андешаҳо перомуни фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2010       Раванди созандагию бунёдкорӣ ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати ваҳдатасоси Ҳукумати Ҷум-ҳурии Тоҷикистон бо роҳбаладию роҳнамунсозии эътимодбахши сиёсатмадори воқеан худогоҳу ватандӯст, ҳомии суботу ҳамбастагии саросарии давлати навини тоҷикон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли сипаришуда, марҳилаи расидан ба се ҳадафи стратегӣ — истиқлолияти энергетикӣ, баромад аз сарбастагии коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавориро такони наву устувор бахшид.Маҳз садоқату самимияти хоса, эҳсоси баланди меҳанпарастию ифтихори ватандорӣ, ғамхорию назари хайрхоҳона ба халқу миллати куҳантамаддун ва ниҳоди поку қалби саршор аз муҳаббати инсонии Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол боварию эътимоди ҷомеаро ба ояндаи неку бобарор қавитар мегардонад.Соли 2010 мардуми шарифи Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки маҳсули даврони истиқлол ва сиёсати санҷидаю хирадмандонаи роҳбарияти олии сиёсии он мебошад. Бахусус, дар ин давра дар гӯшаю канори мамлакат чанд коргоҳу корхона, иншооти соҳаи нақлиёту коммуникатсия, мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва амсоли инҳо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ба раванди рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ муфид ва самаранок арзёбӣ мегарданд. Инчунин, мулоқотҳои Президенти мамлакат бо намояндагони касбу кори гуногун ва сафарҳои кории ӯ ба манотиқи мухталифи мамлакат далел аз мардумӣ будани давлатдории Тоҷикистон ва ба нерӯю зеҳни мардум такя намудани роҳбарияти он мебошад.Дар оғози соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон оид ба саҳмгирӣ ва пуштибонӣ аз бунёди иншооти барои давлату миллати тоҷик муҳим — Нерӯгоҳи барқи обии Роғун муроҷиат намуда, зикр дошт, ки: "Ман ҳамчун Президенти кишвар ҳамеша ба азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон такя менамоям. Зеро халқи тоҷикро ҷаҳониён ҳамчун яке аз миллатҳои бостонӣ ва бонангу номус, мардуми хирадманду тамаддунсоз, адолатхоҳу бунёдкор, заҳматкашу ободгар ва шаҳрсозу шаҳрдор мешиносанду эҳтиром мекунанд".Сарвари давлат ба тамоми ҳамватанони азизамон, ба ҳар як шахси бонангу номус, некиродаву хайрхоҳ ва ба ҳамаи онҳое, ки нияти дастгирии ин иқдоми хайрро доранд, муроҷиат карда, бо итминони комил изҳор дошт, ки бо бунёди Роғун мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем! Зеро Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод!Роғун — ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад!Роғун — воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад!Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 2 ҳазор нафар соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ки дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолият мекунанд, 15 январи соли 2010 низ Сарвари давлат аз соҳибкорон ва шахсони сарватманд даъват ба амал овард, ки барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи фарзандонашон саҳмгузор бошанд. Дар ин мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла иброз дошт, ки эълон намудани мoраторийи дусола ба санҷишҳои молиявии фаъолияти соҳибкорон, ҷорӣ намудани равзанаи ягона дар бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ ва соддаю сабук намудани низоми иҷозатномадиҳӣ ва андозбандӣ аз зумраи тадбирҳои судбахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин роҳ мебошанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сарватмандоне, ки пасандозҳои зиёди худро дар бонкҳои хориҷӣ нигоҳ медоранд, пешниҳод намуд, ки маблағҳояшонро ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол диҳанд ва изҳор дошт, ки пасандозҳои пулии аз бонкҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон воридшаванда дар як мӯҳлати муайян аз андозбандӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ барои интиқол ва нигоҳдорӣ озод карда шуда, қонунигашта шумурда мешаванд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки барои амалӣ намудани ин тадбир санади зарурӣ таҳия ва пешниҳод намояд.Зимни ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон 3 марти соли 2010 сохтмони ду корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли криолит ва фториди алюминий оғоз гардид. Ин корхонаҳо аз ҷониби КВД "Ширкати алюминийи тоҷик" дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии он сохта шуда, ҳадафи асосӣ аз бунёди онҳо таъмин намудани КВД "Ширкати алюминийи тоҷик" бо ашёи хоми ватанӣ барои истеҳсоли алюминий мебошад. Ин ду корхона бояд дар 1 сол сохта ба истифода дода шаванд. Ин корхонаҳо бо иқтидори солонаи 12 ҳазор тонна криолит ва 18 ҳазор тонна фториди алюминий кор хоҳанд кард, ки ин ҳаҷми маҳсулоти онҳо эҳтиёҷоти имрӯза ва ояндаи КВД "Ширкати алюминийи тоҷик" — ро пурра қонеъ мегардонад.Дар корхонаҳои криолит ва фториди алюминий барои 250 нафар ҷойҳои кории доимӣ бо маоши баланд муҳайё хоҳад шуд. Оянда дар паҳлуи ин ду корхона ҳамчунин як корхонаи нави кимиё ва корхонаҳои истеҳсоли кислотаи сулфат ва хокаи алюминий низ бунёд мешаванд, ки дар натиҷа ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё хоҳанд гашт.Дар минтақаи Чормағзаки шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 15 марти соли гузашта ба барқарорсозии боғу токзори 738 — гектраи "Ёқут-боғбунёд" оғози расмӣ бахшид. Дар давоми соли 2010 майдони 32 гектар токзор ва 20 гектар боғ бунёд шуда ва 120 гектар боғу токзор барқарор шуд. Ба гуфти мутахассисон имкон ҳаст, ки дар майдони 1300 гектари ҳамин минтақа боғу токзори хуб бунёд карда шавад.Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи даромадгоҳи шимолии нақби мошингарди Чормағзак ташриф оварда, ба сохтмони ин иншооти муҳими коммуникатсияи нақлиётӣ оғози расмӣ бахшид. Дарозии нақби мошингард 4 ҳазору 450 метр мебошад ва он бояд дар мӯҳлати 36 моҳ ё худ 3 сол аз ҷониби ширкати давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони роҳу пулҳо сохта ба истифода дода шавад. Зикр гардид, ки нақби Чормағзак қисмате аз лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Данғара аст, ки аз гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе оғоз ёфта, то маркази ноҳияи Данғара тӯл мекашад. 24 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум паёми навбатии худро ба парлумони кишвар ирсол намуда, самтҳои асосӣ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайяну мушаххас намуд. Дар оғози паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки "ҳамаи нақшаҳои мо асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ карда мешаванд".Зикр гардид, ки "бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрон дар натиҷаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои зиддибӯҳронии ҳукумати мамлакат соли гузашта ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2008-ум сеюним фоиз зиёд гардид, таваррум дар сатҳи 5 фоиз нигоҳ дошта шуд, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 10 фоиз афзуда, фондҳои асосӣ нисбат ба соли 2008-ум дуюним маротиба бештар ба истифода супурда шуданд".Аз таҳлили Сарвари давлат бармеояд, ки соли 2010-ро барои иқтисоди кишвар метавон соли бартараф намудани таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ номид, зеро нишонаҳои беҳтар гардидани вазъи иқтисодӣ аёнанд. Аз ҷумла омадааст: "Дар семоҳаи якуми соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6,8 фоиз афзуд, ки назар ба моҳҳои январ — марти соли 2009-ум 3,2 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 16,3 фоиз, кишоварзӣ 5,7 фоиз афзоиш ёфт, гардиши савдои чакана 121 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 112 фоизро ташкил кард. Таваррум дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи 1,6 фоиз нигоҳ дошта шуд".Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, бо таассуф изҳор дошт, ки "агар ҳамаи мардуми кишвар пурра ба истифодаи чунин лампаҳо мегузаштанд, 3,5 миллиард киловатт нерӯи барқ сарфа мешуд ва давраи маҳдудгардонии таъмини барқ боз як моҳи дигар кам мегардид".Чун анъана ҳамасола идҳои бузурги умумимиллӣ дар яке аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад. Соли 2010 тантанаҳои ҷашнии 13-солагии Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардиданд, ки ба ин муносибат чандин иншооти ҳаётан муҳим, аз қабили иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, мақомоти иҷроия ва ғайраҳо ба истифода дода шуданд. Аз 23 июни соли 2010 сар карда, тӯли як ҳафта Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хоруғ ва ҳамаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан карда, дар маросими ба истифода додани иншооти сершумори ҷашнӣ ва тантанаҳои идона иштирок намуд ва бо мардуми ин минтақаи баландкӯҳи кишвар аз наздик сӯҳбатҳо анҷом дод. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо маблағгузории мутамаркази ҷумҳуриявӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо иншооти хурду бузург бунёд ёфта, дар қаламрави вилоят фақат аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмони беш аз 130 иншоот ба роҳ монда шуд. Президенти мамлакат зимни суханронии хеш аз таҷлили 13-умин солгарди Ваҳдати миллӣ таъкид дошт, ки Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад."Мову шумо имрӯз ҳамбастагӣ ва иттиҳоди сокинони кишвар ва ширкати фаъолонаи онҳоро барои рушду нумӯи Ватани азизамон дар ҷодаи роҳсозиву бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ дида истодаем ва ба ин ҳақиқат бовар дорем, ки халқ нерӯи бузург ва эҷодкори тақдири худ аст. Ҳеҷ қуввае нест, ки садди роҳи ваҳдату ҳамбастагӣ ва азму иродаи созандаи халқ гардад", — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз сафарҳои пурмаҳсули кори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2010 дар дохили кишвар шиносоии ӯ бо вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Суғд ва сӯҳбатҳои наздик бо мардум дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят аст. Зимни сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои соҳибкорӣ ва муассисаҳои иҷтимоии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан кард. Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони хати 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Суғд-Айнӣ дар фазои тантанавӣ оғоз ёфта, дар назар аст, ки ин хат дар арафаи ҷашни 20 -солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта, дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикии кишвар қадами устувор гардад. Ин хат ба 118 км тӯл кашида, имкон медиҳад, ки водии Зарафшон низ тавассути хати 500 киловолтаи Ҷануб — Шимол ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст шуда, аз мушкилоти норасоии нерӯи барқ раҳо ёбад.25 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, дар маросими ба истифода супурдани маҳаллаи нави истиқоматӣ, ки дар муддати кӯтоҳ барои аҳолии аз офатҳои табиии моҳи майи соли 2010 бесарпаноҳмондаи шаҳри Кӯлоб бунёд ёфтааст, иштирок ва суханронӣ намуд. Гуфтанист, ки дар 6 қитъаи ин маҳаллаи нав барои бесарпаноҳмондагон сохтмони 700 хонаи нави хуштарҳ ба роҳ монда шуда буд.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ хотиррасон намуд, ки имсол аз офатҳои табиӣ 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарари ҷиддӣ диданд ва ҳаҷми хисороти аз онҳо воридшуда ба 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ баробар шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар қаламрави мамлакат ҳазор хонаи нави хуштарҳ сохта, бо тамоми асбобу ашёи рӯзгор ба оилаҳои бесарпаноҳмонда ройгон тақдим карда мешавад. Бо пешниҳоди Сарвари давлат маҳаллаи навбунёди шаҳри Кӯлоб Ваҳдатобод номгузорӣ шуд.Ҳамчунин, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Кӯлоб як мактаби нави замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки бо харҷи 5 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сохта ва ҷиҳозонида шуда, барои 900 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.27 августи соли 2010 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон биноҳои наву боҳашамати филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз таваҷҷӯҳӣ хосаи роҳбарияти кишвар нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас ва таъмини шароити мусоид барои таҳсили онҳо гувоҳӣ медиҳад. Бинои донишгоҳ 5 ошёна буда, дорои хобгоҳ, 9 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон ва бунгоҳҳои гармидиҳию трансформаторӣ бо харҷи 18 миллиону 560 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Айни ҳол дар филиали донишгоҳи омӯзгорӣ 860 нафар донишҷӯ дар 2 факулта бо 6 ихтисоси омӯзгорӣ таҳсили илм мекунад. Ба онҳо 26 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба илм меомӯзонад.Бо мақсади пешрафт ва такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав, беҳтар гардидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави олимони соҳаи техника дар кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010-ро "Соли маориф ва фарҳанги техникӣ" эълон намуд. Ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологӣ мебошад, ки таҳкурсии он дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун гузошта мешавад. Вобаста ба ин Ҳукумати кишвар "Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ"-ро таҳия ва тасдиқ намуд, ки он бевосита ба ташаккули донишҳои техникӣ, тарғиби фарҳанги техникӣ, фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ва ба ин васила муваффақ гардидан ба дастовардҳои соҳаҳои техника ва технология равона шудааст.То имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии То-ҷикистон ҷиҳати амалӣ сохтани Нақшаи мазкур корҳои муайян анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, "Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020", "Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ" ва "Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия ва тасдиқ гардиданд.Чун анъана Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил бо олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мулоқот намуда, дурнамо ва сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишварро таҳлилу баррасӣ менамояд.  1 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки нави донишҷӯии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4 бинои нави таълимии онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити муосири таълиму тарбия дар онҳо аз наздик шинос шуд ва бо олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вохӯрии ошкору пурсамар анҷом дод.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки халқи тоҷик аз кашфиётҳои бузурги олимони муосирамон дар соҳаҳои зилзиласанҷӣ, ситорашиносӣ, бостоншиносӣ, тиб, илмҳои дақиқ ифтихор дорад, зеро натиҷаи тадқиқоти онҳо дар саросари ҷаҳон истифода гардида, ҳатто бо номи баъзе аз олимони тоҷик номи ситораҳоро гузоштаанд. Имрӯз майдони илму маориф барои олимон фарох буда, халқ аз намояндагони арҷманди хеш осори нодир ва кашфиётҳои навро интизор аст.Миллати тоҷик соли ҷорӣ 20-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон — Тоҷикистонро таҷлил менамояд. Ин ҷашн таҷассумсозандаи тамоми дастовардҳои бист соли истиқлолият дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи мо хоҳад гашт.Тайи 20 сол аст, ки аз партави истиқлолият тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёри мо бо рангу ҷилои нав медурахшад ва аз шӯълаи ҳаётбахши он рӯзгори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рӯзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сар ба фалаккашидаи кишварамон ғарқи нури истиқлол мебошанд.Тавре Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикии хеш ба муносибати 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иброз дошт: "Тоҷикистони мо ҳоло чун ҷавони саропо ғайрату кӯшишу ҳиммат ва нерӯманду солиму бардам бо азми дучанд машғули бунёдкорист, то ҷашни камолоти бистсолагии худро бо дастовардҳои шоёну арзанда истиқбол намояд". Сарвари давлат дар ин паёми худ истиқлолиятро "муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо" арзёбӣ намуд.Мавриди зикр аст, ки аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати дохилии давлати соҳибистиқлоламон тарҳрезӣ ва муайян карда шуданд, ки мо онҳоро дар доираи се ҳадафи стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикии давлатамон, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамон ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми шарифамон зина ба зина татбиқ карда истодаем."Имрӯз дар шароите, ки истиқлолияти Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбад, мо сарфи назар аз ҳамаи монеаву мушкилоти мавҷуда азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншооти гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ, рушди саноати миллӣ, пешбурди кишоварзӣ ва тараққӣ додани коркарди саноатии ашёи хоми ватанӣ мақсади ниҳоии худ, яъне сатҳу сифати шоиставу арзандаи зиндагии аҳолиро марҳала ба марҳала амалӣ намоем", — мӯътақид аст Эмомалӣ Раҳмон.Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид. Сиёсати "дарҳои кушода" ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд. Гузашта аз ин, фақат дар давоми даҳсолаи охир ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбахши Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ барои болоравии мақоми давлати соҳибистиқлоламон дар арсаи байналхалқӣ пойдевори боэътимод гузошт.Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳое, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзи Аҷамро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфт ва чанде пештар Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, яъне ЮНЕСКО ёдгории таърихии Саразмро низ чун ёдгории нодири фарҳанги башарӣ эълон кард, ки ин ҳама нишонаи возеҳи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба адабиёту фарҳанги қадима ва эътирофи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи мо, инчунин нақшу мақоми Тоҷикистони навин дар миёни дигар кишварҳои олам мебошад.  Ин аст самараи ҳаётбахши истиқлолият, фазои сулҳу ваҳдат, робитаҳои сулҳу дӯстиву ҳамкориҳои судбахш ва аҳамияти он дар шинохти қадру манзалати давлати соҳибихтиёри мо дар арсаи ҷаҳон.Забон ҳастии миллат аст! Дар ҳақиқат забони ҳар қавму миллат бозгӯи фарҳангу тамаддун, соҳибмиллативу соҳибдавлатӣ ва ифтихору сарфарозии ҳар миллат аст. Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду мулоқотҳои хеш махсус таъкид менамояд, ки посдории забони ноби тоҷикӣ — посдории миллату давлат ва аҷдоду авлод аст. Бо талошҳои пайваста ва ғамхориҳои рӯзмарраи Сарвари давлат сатҳ ва нуфузи забони давлатӣ — забони тоҷикӣ на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон рушду нумӯи тоза пайдо мекунад, балки аз минбарҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ садо дода, соҳибдавлатӣ, тамаддунофарӣ ва соҳибмаърифатии миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.5 октябри соли 2010 ба муносибати Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронии пурмӯҳтаво намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бахусус таъкид намуд, ки аз соли 2009 ин ҷониб, яъне баъди қабули қонуни нави забони давлатӣ, ки ба рӯзи 5 — уми октябр рост омада буд, минбаъд маҳз ҳамин рӯз ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар кишвари мо таҷлил мегардад."Азбаски рӯзи 22-юми июл ба давраи таътили тобистонаи мактабҳо ва донишгоҳҳову донишкадаҳои мамлакат ва рухсатии кормандони ташкилоту муассисаҳо баробар меояд, ширкати фаъоли ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар ин ҷашни умумимиллӣ ғайриимкон мегардид", — таъкид шуд дар суханронии Сарвари давлат.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи босамари қонуни нахустини забони давлатӣ, ки 22 — юми июли соли 1989 дар замони шӯравӣ таҳия ва қабул гардида буд, ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки бо гузашти 20 сол аз он замон зарурати қабули қонуни нав ба миён омад.Дар суханронӣ зикр гардид, ки "қонуни нав вазъи ҳуқуқӣ, истифода, ҳимоя ва дурнамои рушди забони давлатиро дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд".Дар мавриди донистани забони давлатӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: "Акнун замоне фаро расидааст, ки дар интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин кардани роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилотҳо дар кадом сатҳ донистани забони давлатӣ ба инобат гирифта шавад".Бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва стратегии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, Президенти кишвар ҳамеша бар он мекӯшад, ки сохтмони иншооти соҳа вусъат дода шуда, дар муддатҳои кӯтоҳтарин истиқлолияти энергетикии кишвар таъмин шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам соҳаи гидроэнергетикаи кишварро тақвият бахшида, баҳри амалии лоиҳаҳои соҳа ҳамасола маблағҳои муайяни кофӣ ҷудо мегарданд. Гуфтанист, ки то имрӯз дар иншооти асосиву ёрирасони нерӯгоҳ бо харҷи беш аз як миллиард сомонӣ (баробар ба 225 миллион доллари амрикоӣ) сармояи муштараки Тоҷикистону Эрон аллакай 90 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, васлу насби таҷҳизоти гидромеханикӣ босуръат идома дорад. Корҳои бетонрезӣ, оҳану бетонӣ, озмоишиву лоиҳакашӣ, пармагариву корҳои таркишӣ, васлу насби дарвозаҳои даромаду баромади об анҷом ёфта, як қисми дигари корҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.Хотиррасон бояд намуд, ки Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" бо иқтидори лоиҳавии 220 мегават бо сармоягузории муштараки Тоҷикистону Эрон аз ҷониби мутахассисони варзидаи ду кишвар бунёд мегардад.Тазаккур додан бамаврид аст, ки соли 2010 дар сарнавишти миллати тоҷик ва давлатдории он соли бобарори татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва вусъатёбии раванди худшиносиву худогоҳӣ буд.Соли 2010 дар таърихи муносибатҳои дипломатӣ ва равобити байналмилалии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун соли бобарор нақш хоҳад гузошт. Зеро дар давоми соли 2010 чанд мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ва ҳам дар шаҳрҳои дигар бо сарони як қатор кишварҳои бо Тоҷикистон муносибатҳои ҳасана ва дӯстонаи дипломатидошта баргузор гардид, ки ба раванди густариш ва рушди ин муносибот такони тоза бахшиданд. Инчунин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чандин чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, ташаббусҳои Тоҷикистонро дар раванди муносибатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ таҳлил ва мушаххас намуд. Дар баробари ин пойтахти давлати ҷавони Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба маркази баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфта, аз нақш ва мавқеи устувору сатҳи назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арасаи байналмилалӣ шаҳодат дод.  Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод 4-уми январи соли 2010 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафар 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Бахусус, Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи экстрадитсия; Созишнома миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва маъданҳои Ҷумҳурии Исломиии Эрон дар бораи таъсис додани марказҳои миллии маълумотҳои илмҳои заминшиносӣ, геоматика ва технологияҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон; Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси иҷрои амалиёти такмилии нақби "Истиқлол"; Тавофуқнома миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" ва Ширкати "Фароб" ба намояндагӣ аз Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси омӯзиши лоиҳаи бунёди Нерӯгоҳи барқии обии "Айнӣ", ки дар заминаи татбиқи амалии ин санадҳо муносиботи дуҷонибаи дӯстона ва ҳасанаи Тоҷикистону Эрон такони тоза пайдо карда, вусъат ёфтани корҳои сохтмонии НБО "Сангтӯда-2", нақби мошингарди "Истиқлол", дигар иншооти бо сармояи эрониҳо сохташаванда ва дигар соҳаҳо самараи он мебошанд. Мавриди зикр аст, ки сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод бо ёдоварӣ аз муштаракоти фарҳангӣ, динӣ ва забонии Тоҷикистону Эрон дурнамои муносиботи ду кишварро умедбахш арзёбӣ мекунанд.Муносиботи Тоҷикистону Туркманистон тайи солҳои охир бо вусъат густариш ёфта, табодули сафарҳои давлатӣ ва кории сарони ҳар ду давлат аз он шаҳодат медиҳанд. Бахусус, 18 марти соли 2010 зимни сафари давлатии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ин ду кишвар муҳокима ва баррасӣ шуда, 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Миёни санадҳои баимзорасида Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва ваколатдиҳӣ ва Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2010-2011 муҳим ва самарабахш арзёбӣ мегарданд. Мавриди амал қарор гирифтани санадҳои мазкур равобити Тоҷикистону Туркманистонро боз ҳам вусъат бахшида, дар таҳким ва густариши он мусоидат хоҳанд кард. Гуфтанист, ки таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва гуманитарӣ дар доираи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба раванди равобити миёни Тоҷикистону Туркманистон нерӯи тоза бахшида, ҳавасмандии ҳар ду ҷониб барои кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ, лӯлаҳои нафту газ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард зиёд мегардад.  Роҳбарияти олии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои нав бо кишварҳои ҳамсуд ва хоҳони равобити солим мекӯшад. Аз 30-юми март то 4-уми апрели соли 2010 бо сафарҳои давлатӣ қарор доштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Сингапур ва Шоҳигарии Бруней Доруссалом гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Зимни ин сафар дар Сингапур масоили ба роҳ мондани муносибатҳои густурдаи дӯстию ҳамгироӣ дар музокироти сатҳи олӣ ва ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуданд. Дар ҷараёни сафари Сарвари давлати Тоҷикистон ба Шоҳигарии Бруней Доруссалом 4 санади заминагузори ҳамкории гуногунҷанба ба имзо расид. Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Султонии Бруней Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз фоида ва сармоя; Тафоҳумномаи умумии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, маориф, фарҳанг, масъалаҳои ҷавонон ва варзиш; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Султонии Бруней Доруссалом дар бораи сафарҳои бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ва Протокол миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар бораи машваратҳои дуҷониба аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Рӯзҳои 10 — ум ва 11 — уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд — пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дошт.Дар ҳошияи ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод.Аз ҷумла, дар ҷараёни мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо вуҷуди бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ҳаҷми мубодилоти моли миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2009 қариб ба 1,5 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд.Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов масоили кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар дар фазои ошкоро ва ҳавасмандии ҳар ду ҷониб баррасӣ шуданд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили мубрами ҳалталаб дар муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар, аз ҷумла ба масъалаҳои рушди энергетикаи Тоҷикистон ва фаъолияти босуботи инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионии миёни ду кишвар зоҳир гардид.Инчунин, дар шаҳри Тошканд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ масоили таҳкими амнияту субот ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавии сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикиро муҳокима ва мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз 17 то 19 — уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошт. Месазад таъкид намуд, ки ин сафарро аз рӯйи натиҷаҳояш метавон ба як сафари расмӣ баробар донист, зеро дар зарфи 3 рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон наздики 15 мулоқоту машваратҳо доир намуда, барои таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи қисмати шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин шоҳпули мустаҳкам гузошт. Зимни ин сафар 3 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расида, мувофиқаҳои зиёди дигар ба даст омаданд. Аз ҷумла, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян- Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин; Созишнома миёни ширкати "Барқи тоҷик" ва ширкати ТВЕА — Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони хати 220 — киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Хуҷанд-Айнӣ; Қарордод миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Синсзян оид ба ҳамкорӣ.Созишномаи байниҳукуматӣ ҳамкории дарозмӯҳлат дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосирро дар назар дорад.Тибқи созишномаи дуюм дар мӯҳлати якуним сол бояд хати 220 — киловолтаи интиқоли нерӯи барқ аз шаҳри Хуҷанд то ноҳияи Айнӣ бо харҷи 36,9 миллион доллари амрикоӣ кашида шавад. Дар доираи ҳамин лоиҳа ҳамчунин дар ноҳияи Айнӣ як зеристгоҳи 220 — киловолта бо технологияи муосир сохта мешавад.Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки ҳаҷми мубодилоти мол миёни Тоҷикистон ва ин минтақаи фарохи Чин тайи чор соли ахир 310 баробар афзоиш ёфтааст.5 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар сатҳи сарони давлатҳо иштирок намуд. Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа як қатор қарорҳо қабул карда шуданд, ки яке аз қарорҳои барои Тоҷикистон муҳим розигии сарони давлатҳо ба ҷудо намудани 70 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок аз ҳисоби Хазинаи зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё буд, ки барои дастгирии иқтисодиёти кишвари мо дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.Рӯзҳои 5 — ум ва 6 — уми августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт. Дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки бори 4 — ум баргузор гардид, таваҷҷӯҳи асосӣ ба дарёфти роҳу василаҳои татбиқи лоиҳаҳои стратегии муштарак оид ба сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ ва кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ миёни Тоҷикистону Эрон аз тариқи қаламрави Афғонистон зоҳир карда шуд. Бояд махсус таъкид кард, ки Тоҷикистону Эрону Афғонистон муштаракоти фарҳангӣ ва динию ҳамгироӣ дошта, бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи сарони ин давлатҳо робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию тиҷоратӣ низ миёни халқҳои ин кишварҳо густариш меёбанд. Инчунин, аз 18 — ум то 20 — уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон ва анҷом додани вохӯриҳои дуҷониба дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва муҳокимаи масоили ҳалталаб баргузор гаштани мулоқоти дуюми чорҷонибаи сатҳи олиро "нишонаи рағбати 4 давлат ба ташкили робитаҳои нави мутақобилан судманди бисёрҷониба ва густариши самтҳои ҳамгироӣ миёни ин кишварҳо" арзёбӣ намуд.Сарони чор давлат татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ, аз қабили сохтмони роҳҳои пайвандкунандаи Тоҷикистону Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон ва кашидани хати 500 — киловолтаи интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон, ки бо номи лоиҳаи КАСА — 1000 маъруф аст ва иштироки Федератсияи Русияро дар ин лоиҳа дастгирӣ намуданд.Тазаккур додан ба маврид аст, ки ташаббус дар бораи ба роҳ мондани мулоқотҳои чорҷониба аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуда, он аз ҷониби сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон ва Русия ҳамчун "мулоқотҳои самарабахш дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ" арзёбӣ гардид. Рӯзи 20 август Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсули корӣ баҳри иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз Федератсияи Русия ба пойтахти Ҷумҳурии Арманистон — шаҳри Ереван сафар кард.Зимни муҳокимарониҳо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: "Рӯйдодҳои кунунии минтақавӣ моро ба он водор мекунанд, ки як механизми вокуниши мувофиқашудаи сиёсии зиддибӯҳронӣ ташкил намоем ва ин механизм бояд ба рушди имконоти дипломатия чун омили пешгирикунанда мусоидат намояд".Бояд гуфт, ки муҳимтарин рӯйдоди сатҳи байналмилалии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2010 иштироку суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ мегардад. Дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 20 — уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола иштирок ва суханронӣ намуд. Дар суханронӣ натиҷаҳои кори Тоҷикистон дар 10 соли аввали татбиқи ин Ҳадафҳо ва нақшаю тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода барои 5 соли оянда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.Таъкид гардид, ки Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи поин бурдани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 дар Тоҷикистон, ки дар асоси Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия гаштаанд, босамар татбиқ мешаванд. Ба иттилои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, "дар натиҷаи ин иқдомоти босамар сатҳи камбизоатӣ аз 72,4 фоизи соли 2003 то 46,7 фоиз дар соли 2009 поин бурда шуд. Интизор меравад, ки сатҳи ин нишондиҳанда соли 2012 ба 41,4 фоиз расонда мешавад. Дар натиҷа 1 миллион нафар аз сатҳи камбизоатӣ берун хоҳад шуд".Субҳи 21 — уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати Мизи мудаввари маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид дар мавзӯи "Мусоидат ба рушди устувор" иштирок ва суханронӣ намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи иштирокдорони ҳамоиш ва аҳли башарро ба масоили истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои табиӣ ҷалб намуд.Дар ин суханронии ӯ таъкид гардид, ки "барои то ҳадди имкон кам намудани таъсири омили инсонӣ ба табиат моро зарур аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ барои мутобиқсозии раванди муосири инкишофи инсоният ба имкониятҳои маҳдуд ва фарсояндаи табиат чораҳои таъхирнопазир андешем". Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи Иҷлосияи 65 — уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид як қатор мулоқотҳои судманд анҷом дод. Аз ҷумла, зимни мулоқот бо Президенти Хорватия Иво Йосипович ҳавасмандии зиёд ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика, саноати сабук ва ҷалби соҳибкорони хусусии ду кишвар ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои судовар зоҳир карда шуд. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Сербия Борис Тадич масоили ташкил ва густариши ҳамкории самарабахши Тоҷикистону Сербия баррасӣ шуданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни вохӯрӣ бо Дабири кулли СММ Пан Гӣ Мун эҷод шудани монеаҳоро дар роҳи ҳаракати қатораҳои боркаши Тоҷикистон нишонаи возеҳи ҳамкории носолими минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки "Созмони Милал дар рафъи мушкилоти мавҷудаи минтақаи мо нақши фаъолтар мебозад". Сарвари давлати Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки "чунин поймолкунии қоидаву қонунҳои байналмилалии ҳамлу нақли озод тавассути хатҳои байналхалқӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ хоҳад шуд".Дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Андерс Фог Расмуссен масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони соҳибнуфузи ҳарбию сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ гардида, аз рафти ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Барномаи Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ "Ҳамёрӣ барои сулҳ" изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки мусоидати НАТО дар татбиқи барномаҳои вобаста ба масъалаҳои минаҳо ва таҳкими амнияти сарҳадӣ, ба имзо расидани Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Сохтори Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ оид ба таъминоти техникӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти моддию техникӣ ва ҳамчунин таъсиси қарибулвуқуи Китобхонаи НАТО дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боиси хушнудӣ арзёбӣ гардид.22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Машварати сатҳи баланди Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, дар ҷаласаи мизи мудаввари "Дурнамои татбиқи се ҳадафи Конвенсияи биогуногунӣ раисӣ ва суханронӣ кард.Пеш аз ҳама бояд таъкид дошт, ки раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои муҳими Иҷлосияи 65- уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид нишонаи эҳтиром ва эътирофи нақши намоёни давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ аст.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла изҳор дошт: "Кӯҳистони Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи ғании генофонди гуногуннавъии биологиест, ки барои эҷоди навъҳои серҳосил ва пойдор барои кишт, растаниҳои ороишӣ, маводи табобатӣ, набототи озуқаворӣ ва зотҳои ҳайвонот захираи мусоиди потенсиалӣ мебошад" ва таъкид намуд, ки "аз ин хотир Тоҷикистон ба гурӯҳи даҳ маркази бойтарини ҷаҳонии дорои гуногуннавъии биологии набототу ҳайвонот шомил гаштааст".Субҳи 23 — юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисоти умумии иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ кард.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи зиёд ба содагардонии низом ва шароити тиҷорати байналмилалӣ зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт: -"Ба ақидаи мо, низоми тиҷорати байналмилалӣ, хусусан дар давраи бӯҳронҳо, бояд кушодаю самимона, одилона, пешгӯишаванда ва озод аз маҳдудиятҳо бошад ва дар заминаи қоидаҳои мувофиқашуда амал намояд".Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва биёбоншавӣ, ҳифзи гуногуннавъии биологӣ, истифодаи босамари захираҳои обӣ аз шартҳои асосии расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаанд. Чунонки дар суханронӣ таъкид гардид, "тағйирёбии иқлим масъалаи бе ин ҳам душвори камбуди оби тозаро дар минтақаҳои алоҳидаи сайёра, аз ҷумла Осиёи Марказӣ боз ҳам душвортар мегардонад". Эмомалӣ Раҳмон "дар зарфи 30 соли охир аз 14 ҳазор пиряхи ҳудуди Тоҷикистон ба нестӣ расидани зиёда аз 1000 адади онҳоро натиҷаи гармшавии иқлим ва аз ҳад зиёд ба фазо рафтани партовҳои карбонӣ дар минтақа" номид.Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид 20 декабри соли 2010 қатъномаеро оид ба эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ оид ба об қабул кард. Ин иқдомро моҳи марти соли 2009 бори нахуст Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии об дар шаҳри Истамбул пешниҳод карда буд. Дар қатънома зикр мегардад, ки истифодаи оқилонаи захоири обӣ ба рушди босубот, ҳифзи муҳити зист, пешгирии камбизоативу гуруснагӣ мусоидат менамояд.Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, дар қатънома зикр мегардад, ки истифодаи оқилонаи захоири обӣ ба рушди босубот, ҳифзи муҳити зист, пешгирии камбизоативу гуруснагӣ мусоидат менамояд.Ин тадбири ҷаҳонии сеюм доир ба об аст, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва пофишориҳои беназири Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид қабул мегардад. Бо пешниҳодҳои қаблии Тоҷикистон соли 2003 "Соли байналмилалии оби тоза" ва солҳои 2005-2015 "Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои ҳаёт" эълон гардида буд. Маҳз натиҷаи ҳамин ҷаҳду талошҳо ва андешидану амалӣ кардани тадбирҳои байналмилалӣ аст, ки рӯзи 20 — уми сентябри соли 2010 муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ша Тсу Кан чунин изҳор дошта буд: "Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвои ҷаҳонӣ дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба об аст". Ин нукта аз забони ӯ дар Созмони Милали Муттаҳид зимни баррасии дастовардҳои Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола садо дода буд. Дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расидани ин пешниҳод бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори гуфтугӯйи созанда ва истифодаи пурсамари об ба манфиати инсон, аҳли башар аст ва танҳо аз нияту ормонҳои неку инсондӯстона ва ҳусни ҳамсоягӣ пайгирӣ мекунад.Рӯзҳои 25 — ум ва 26 — уми октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дошт. Дар натиҷаи мулоқотҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои инкишоф ва идоракунии манбаъҳои об дар дарёи Панҷу Ому; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба тиҷорати транзитӣ ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ. Ин санадҳо ба раванди муносибатҳои мутақобилан судманди ин кишварҳо такони тоза бахшида, дар густариш ва рушди минбаъдаи равобит дар ҷодаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амсоли инҳо заминаи мусбат хоҳанд гузошт. 30 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон рафта, дар ҳошияи ин ҳамоиш як қатор мулоқотҳои муҳими дуҷониба анҷом дод. Бахусус дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Австрия Ҳанс Фишер масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуданд.Эмомалӣ Раҳмон аз нақши Австрия дар ҷалби кӯмакҳои техникию башардӯстона ба кишвари мо дар солҳои 90 — уми асри гузашта ва аз густариши имрӯзаи ҳамкорӣ бо ин кишвари аврупоӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.Фаъол гаштани Комиссияи муштарак оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва барпо шудани робитаи мустақим миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар нишона аз ҳавасмандӣ ба густариши ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Зимни мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Ив Летерм масъалаи ҳамкории ду кишвар муҳокима ва баррасӣ гардид.Ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Брюссел ба имзо расида буданд ва ба дигар тавофуқоти мавҷуда таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо муовини сарвазири Испания Мануэл Чавес Гонсалез масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуданд.Эмомалӣ Раҳмон Испанияро "яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо" номида, аз ҳамгироии ду кишвар дар чаҳорчӯби эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуд.Мануэл Чавес Гонсалез "Тоҷикистонро кишвари аз ҷиҳати стратегӣ муҳими минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки "Испания тасмим дорад дар шаҳри Душанбе сафорати худро боз намояд". Ҷониби Тоҷикистон низ ба ифтитоҳи сафорати худ дар шаҳри Мадрид изҳори ҳавасмандӣ намуд.Дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Украина Виктор Янукович масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ин ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Аз рушди муносибатҳои дӯстона ва бар боварии мутақобила асосёфтаи ду кишвар ва аз он, ки ба наздикӣ дар Украина сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Ба дурнамои ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарии ду кишвар баҳои баланд дода шуд. Барои таъмини густариши бештари ҳамкории судманд ҷоннок намудани кори комиссияи муштараки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Украина зарур шумурда шуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Остона дар мулоқоти сатҳи олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд.  Дар суханронии Президенти Тоҷикистон масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ, бартарафсозии монеаҳои сунъии нақлиётию транзитӣ ва ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми асосӣ доштанд. Рӯзҳои 9 — ум ва 10 — уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаҳои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия қарор дошт.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё иштирок ва суханронӣ кард. ӯ тазаккур дод, ки дастгирии интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҳамдастии истеҳсолӣ дар шароити имрӯза басо муҳиманд, зеро ба ин васила мо метавонем ҷойҳои нави корӣ ва барои соҳибкорону тоҷирон бозорҳои нав муҳайё созем.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ташкил намудани механизми универсалии вокуниши фаврӣ ба хатарҳои имрӯза ва дар муддати кӯтоҳ бартараф кардани онҳоро дастгирӣ намуда, таъкид дошт: "Пешбинӣ ва пешгирии рушди ҳолатҳои бӯҳронӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона бояд аз вазифаҳои асосии СААД бошад". Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон "дар чаҳорчӯби СААД механизми машваратҳои фаврии сиёсӣ бояд ҳамеша фаъол бошад".Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд ба таҳкими ҳамгироӣ дар таъмини амнияти иттилоотӣ зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт: "Тоҷикистон ҷонибдори устувори муқовимати муштарак бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Такмил додани қонунгузорӣ вобаста ба таъмини амнияти иттилоотӣ бояд аз самтҳои афзали фаъолияти муштарак дар доираи СААД гардад".Рӯзи 10-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, доир ба мавқеи кишвари мо дар ҳаллу фасли масоили дар чаҳорчӯби ин созмони минтақавӣ баррасишаванда андешаҳои ҷолиб баён дошт. Баъди ҳамоиши онрӯза раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷониби давлати Тоҷикистон гузашт ва иттилоъ дода шуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои ин созмон соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар соли раёсати худ ба татбиқи босамари Нақшаи чорабиниҳои асосӣ доир ба амалӣ намудани Консепсия ва Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои то соли 2020, ки соли 2007 дар Тоҷикистон тасдиқ шуда буданд, афзалият хоҳад дод.Аз 22 то 23 — юми декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши 11 — уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия қарор дошт.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҳамоиши 11-уми сатҳи олии Созмони ҳамкории иқтисодӣ гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитӣ, содагардонии расмиёти савдо, густариши тиҷорати наздисарҳадӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ва маводи карбогидридӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ ва интиқоли озоди молу нерӯи кориро дар чаҳорчӯбаи Созмон аз самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ медонад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, "сохтмони роҳҳое, ки пайванди Осиёи Марказиро бо бандарҳои халиҷи Форс ва уқёнуси Ҳинд имконпазир мегардонанд, ҷавобгӯи манфиатҳои муштараки ҳамаи кишварҳои аъзои созмон аст".Эмомалӣ Раҳмон ҳаракати Корвони мошинҳои "Роҳи абрешим-2010"-ро, ки дар моҳҳои сентябр-ноябри соли рафта аз ҳудуди ҳафт кишвари аъзои созмон убур карда буд, "имкони хуби омӯзиши вазъи ҳаракати транзитии нақлиёти автомобилӣ дар минтақа" арзёбӣ намуда, омодагии Тоҷикистонро ба иштирок дар даври дуюми корвони мазкур, ки дар ибтидои соли 2011 ба нақша гирифта шудааст, таъкид намуд.Дар шаҳри Истамбул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом дод.Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла доир ба пайвастани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои мошингард, бунёди роҳҳои оҳан, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ба нафъи Тоҷикистону Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа зоҳир карда шуд.Зимни мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва кимёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ ва ҳамкориҳои илмию техникии миёни Тоҷикистону Покистон дорои дурнамои судбахш арзёбӣ гардид.Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод изҳори боварӣ карда шуд, ки нерӯгоҳи "Сангтӯда — 2" то моҳи сентябри соли 2011 пурра ба кор даромада, тӯҳфаи хуби ҷониби Эрон дар ҷашни солгарди 20 — уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мегардад. Зикр кардан ба маврид аст, ки солҳои охир пойтахти давлати Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба маркази баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст, ки аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳанд. 18 майи соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд. Президенти Тоҷикистон тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳамоно ба болоравии нақши Созмони Конфронси Исломӣ дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои доғи рӯзи ҷаҳони ислом, густариши ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ ҷонибдор буд ва мемонад.Дар сиёсати муосири ҷаҳонӣ "омили исломӣ" мавқеи торафт намоёнро ишғол мекунад. Мутаассифона, доираҳои муайяни сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ омили исломиро барои пиёда сохтани манфиатҳои худ истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки назарияи "бархӯрди тамаддунҳоро" дар амал татбиқ намоянд. Инчунин, 8 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии бахшида ба татбиқи амалии 10-солаи "Амалиёти об барои ҳаёт", ки дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз панҷ соли аввали татбиқи Барномаи байналмилалии 10-солаи "Амалиёти об барои ҳаёт" натиҷагирӣ карда, аз ҷумла ин солҳоро "давраи роҳҷӯӣ баҳри ҳалли мушкилоти глобалии дастрасӣ ба оби тоза" маънидод кард ва таъкид дошт, ки нимаи дуюми ин 10-сола бояд "давраи татбиқи тадбирҳои мушаххас" дар ин самт гардад.Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки соҳаи гидроэнергетика, ки 20 фоизи таъминоти ҷаҳонии қувваи барқро ташкил медиҳад, манбаи муҳими барқароршавандаи энергия ба шумор меравад. Ин рақам дар Тоҷикистон ба 98 фоиз мерасад. Бинобар ин, мафҳумҳои "об" ва "энергетика" барои кишвари мо ҳаммаъно ва тавъаманд. Ҳаҷми солонаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон тақрибан 527 миллиард киловатт/соатро ташкил медиҳад.Вале аз ин захираи бузург ҳоло дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3 — 4 фоиз истифода бурда мешаваду халос. Идораи оқилонаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар бояд бо назардошти истифодаи одилона ва мутақобилан судманди на танҳо захираҳои обӣ, балки захираҳои дигари табиӣ сурат гирад. Танҳо чунин муносибат метавонад рушди устувори кишварҳои мо ва ҳифзи муҳити атрофро барои наслҳои оянда таъмин намояд. Рушди дипломатияи обӣ дар ин самт аҳамияти калон дорад. Баргузории ҷаласаи 29 — уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ дар пойтахти кишвари мо гувоҳи ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд дар Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати ифтитоҳии ин ҷаласа аз пасомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки ба сиёсати давлатҳо низ таъсир расондааст ва "ба яке аз воситаҳои асосии бозиҳои геополитикии баъзе нерӯҳои сиёсӣ табдил ёфтани терроризм" изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт: "Террорист ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад ва ба роҳ мондани сиёсати дугона нисбат ба нерӯҳои террористӣ дар ҳама ҳолатҳо бояд қатъиян маҳкум карда шавад".25 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати ифтитоҳии ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин созмони бонуфузи минтақавӣ андешаронӣ карда, аз ҷумла оид ба тавсеаи ҳамгироӣ дар самтҳои амният, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, муносиботи бонкӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, туризм ва ғайра пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт."Тоҷикистон ҳамеша баҳри таҳкими ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай дар асоси эҳтироми ҳамдигарӣ, баробарӣ ва эътибор ба манофеи ҳамдигар саҳми намоёни худро мегузорад", — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.Дар доираи ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо якчанд намояндагони воломақоми иштирокдори ин ҷаласа мулоқотҳои судманд анҷом дод.Аз ҷумла, зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуданд.Ҳамкории бунёдӣ дар арсаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, ҳамлу нақли транзитӣ, аз ҷумла барои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, корхонаҳои муштараки саноатӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир аз ҷанбаҳои муҳимтарини муносибатҳои Тоҷикистону Эрон маънидод гардид.Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вен Ҷибаоро, ки ҳамчунин бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт. "Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсояи наздик, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди мост", — изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд: "Таҳким ва густариши робитаҳои дӯстона бо давлати Чин аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд, ҳаст ва хоҳад монд".  Вен Ҷибао дар навбати худ изҳор дошт: "Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таҳкими истиқлоли давлатии кишвар ва рушди иқтисодиёти он равона гаштаанд, дастгирӣ менамояд".Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева масоили ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки интихоботи порлумонии Қирғизистон дар фазои орому осудаи сиёсӣ баргузор гашт, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: "Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори оромию субот дар Қирғизистони ҳамсоя буд ва мемонад". Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон доир ба аксари масоили вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мавқеи ба ҳам мувофиқ доранд.Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путинро ба ҳузур пазируфт, ки дар мулоқот масоили гуногунҷанбаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ гардиданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Русия ва шахсан Раиси ҳукумати он Владимир Путин барои тадбирҳои анҷомёфта дар роҳи рушди ҳамшарики стратегии ду кишвар изҳори сипос намуда, аз ҷумла таъкид дошт: "Ба шарофати талошҳои Шумо муносибатҳои мо тавозуни бештар пайдо намуда, ба марҳилаи сифатан нав — марҳилаи татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷм дар соҳаҳои гуногун ворид шуд. Чунин ҳамкорӣ назири дигар дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ надорад".Владимир Путин дар навбати худ изҳор дошт, ки Русия ва Тоҷикистонро риш-таҳои устувори дӯстию ҳамкорӣ ба ҳам мепайванданд. ӯ ҳамчунин ба ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва ҳамгироиҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русия, қабл аз ҳама дар соҳаи энергетика баҳои баланд дод.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар зарфи 7 соли охир 3 баробар афзоиш ёфтааст. Зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар дар соли 2000 ҳамагӣ 360 миллион доллари амрикоиро ташкил дода бошад, пас дар соли 2008 ин нишондод то 1 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ расид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъол гаштани Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда — 1" ва фаъолияти сохторҳои "Газпром" ва "Росатом"-и Русия дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин татбиқи амалии тавофуқоти дигари миёни ду кишварро, аз ҷумла доир ба бунёди се нерӯгоҳи миёнаиқтидори барқии обӣ матлуб арзёбӣ намуд.Маврид ба зикр аст, ки робитаҳои дипломатии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни сайёра, бахусус кишварҳои Аврупо сол ба сол вусъати тоза пайдо намуда, аз обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Дар доираи ин ҳамкориҳо соли 2010 чанд мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воломақоми давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баргузор гардид, ки ба таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик мусоидат намуд. 20 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрукро ба ҳузур пазируфт.Ричард Ҳолбрук нахуст дуруду паёми Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Борак Обама ва Котиби давлатии Амрико Ҳиллари Клинтонро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, ба талошҳои Тоҷикистон баҳри таҳкими эътидолу субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд дод ва аз номи ҳукумати кишвараш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Сарвари давлат арзи сипос намуд. ӯ ҳамчунин изҳор дошт: "Тоҷикистон бо муштаракоти зиёди фарҳангию таърихӣ ва робитаҳои мустаҳкамаш бо Афғонистон метавонад дар барқарорсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёти ин кишвар нақши бузург дошта бошад". 12 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Президенти Фаронса доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Эмри де Монтескюро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фаронсаро "шарики асосии Тоҷикистон дар қитъаи Аврупо" арзёбӣ намуда, аз сатҳи муносибатҳо ва пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба ҳамкории сохторҳои дифоии ду кишвар низ баҳои баланд дода шуд.Эмри де Монтескю "таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон ва маслиҳатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро барои барқарорсозии сулҳу осоиш дар Афғонистон басо муҳим" арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки "Фаронса ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст".Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Фаронса сурат гирифт. Намояндаи махсуси Президенти Фаронса иттилоъ дод, ки сохтмони терминали нави муосир дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе то 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне сентябри соли 2011 ба анҷом хоҳад расид.Тазаккур додан ба маврид аст, ки 5 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои Ҳукумати мамлакат бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Гӣ Мун, ки дар доираи сафари худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуда, ҳадафҳои татбиқи лоиҳаҳои Тоҷикистонро чи дар бахшҳои обу энергетика ва чи дар самтҳои нақлиёту коммуникатсия ва амсоли инҳо муфассал шарҳу эзоҳ дод.Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи сару садоҳо оид ба хатари нақшаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд. Вобаста ба ин мавзӯъ Сарвари давлат изҳор дошт: "Тоҷикистон ҳамеша манфиатҳои кишварҳои минтақаро ба эътибор мегирад ва лоиҳаҳои мо бар хилофи ин манфиатҳо нестанд. Баръакс, бо татбиқи ин лоиҳаҳо натанҳо минтақаро метавон бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд, балки шароити дастрасӣ ба обро беҳтар кард, зеро иншооти гидроэнергетикӣ ба кам шудани партови газҳо ба атмосфера мусоидат мекунанд, ки комилан ба протоколи Копенгаген ҳамоҳанг аст". "Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зиёд шудани ҳаҷми партови гази карбон ба ҳаво ҷиддан ба ташвиш омадааст, татбиқи амалии барномаҳои истифода аз энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла гидроэнергетика, на танҳо ба нафъи минтақа, балки ҳамаи ҷаҳон аст", — таъкид намуд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: "Бояд тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои молиявӣ, ин нуктаро дар назар дошта бошанд ва баҳри татбиқи он кӯшиш ба харҷ диҳанд".Дар робита ба нақшаҳои энергетикии Тоҷикистон Пан Гӣ Мун изҳор намуд: "Мо аҳамияти бунёди нерӯгоҳи Роғунро барои Тоҷикистон хуб мефаҳмем ва омода ҳастем, ки онро ба таври амиқ баррасӣ намоем, мардум бояд ба нерӯи барқ дастрасии кофӣ дошта бошанд" ва таъкид дошт, ки ӯ "барои ташкил намудани муколамаи роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин мавзӯъ кӯшиш ба харҷ медиҳад".Бояд гуфт, ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таҳким ва густариши равобити хориҷӣ чи дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва чи дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ аҳамияти махсус дода, ҳамасола зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки онро муайяну мушаххас менамояд. 3 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Симон Фрайзерро ба ҳузур пазируфт.Дар робита ба вазъи Афғонистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомоти сулҳҷӯёнаи ҳукумати ин кишвари азияткашида, аз ҷумла таъсиси Шӯрои сулҳ пуштибонӣ намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки "давлатҳо ва созмонҳои мададрасони Афғонистон дар бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти он бояд аз имконоти иқтисодию зербиноӣ ва нерӯи башарии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон васеъ истифода баранд ва мо барои ин ҳамаҷониба омодаем".Симон Фрайзер дар робита ба ин мавзӯъ изҳор намуд: "Британияи Кабир нақши Тоҷикистонро дар бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи мардуми Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, омода аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро бо он густариш диҳад, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод ва савдо ва татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика ва ҳамлу нақл". ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки "Британияи Кабир ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика афзалияти бештар хоҳад дод".24 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Паёми навбатии худро ба порлумони кишвар ирсол намуда, самтҳои асосӣ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайяну мушаххас кард.Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш махсус таъкид намуд, ки сиёсати хориҷии кишвари мо бо усулу асосҳо ва суннатҳои тағйирнопазири худ тӯли солҳои истиқлолият идомаи мантиқии стратегияи санҷида ва мутавозину фарогири Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Он аз сиёсати ҳашт сол қабл эълоннамудаи мо — "дарҳои кушода" бармеояд ва мисли пештара вазифаи хешро дар эҷоди шароити мусоиди байналмилалӣ ҷиҳати рушд ва инкишофи устувори кишвар мебинад."Дар минтақа Тоҷикистон узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст, ки боздеҳи иштироки мо дар кори он ба ҳар нафари кишвар возеҳу эҳсосшавандааст. Таъмини дастаҷамъии амният, иртибототи фарохи сиёсиву иқтисодиву фарҳангӣ, ҳамёрӣ дар рушди зиндагии ҳамарӯзаи мо аз ҳадафҳои ин созмон аст ва табиист, ки Тоҷикистон манфиатдори тавсеаи ширкати худ дар кори он ва густариши равобит бо кишварҳои аъзост, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар байни онҳо мавқеи хоса дорад. Дар арсаи байналмилалӣ бошад, Тоҷикистон дар пиёда сохтани фаъолияти даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ иштирок дорад, ки муҳимтаринашон Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкорӣ ва амният дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо мебошад. Ташаббусҳо ва пешниҳодоти аз ҷониби онҳо пазируфташудаи кишвари мо далели манзалату мартабаи шинохташудаи Тоҷикистон аст. Аз ин лиҳоз, мо дар самти тақвияти равобити худ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Олмон ва дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон кор хоҳем кард", — омадааст дар Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олии ҶТ.Бо талошҳои пайваста ва сиёсати санҷидаю хирадмандонаи роҳбари олии сиёсии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва ҳамгироёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ густариш ёфта, таваҷҷӯҳи аҳли сайёра ба кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу ботамаддун ва сулҳофару ташаббускор сол ба сол меафзояд. Тоҷикистони маҳбубу соҳибистиқлол дар роҳи татбиқи се ҳадафи стратегии худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум бо қадамҳои устувор пеш меравад.Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,доктори илми таърих,Садриддин ШАМСИДДИНОВ,шореҳи сиёсӣ,Заровуддин СИРОҶОВ,Журналист

Январь 13, 2011 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад