ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШБУРДИ СИЁСАТИ САРМОЯГУЗОРӢ

Январь 26, 2011 15:51

    Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2010 аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи истифодаи қаъри замин таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шуда, махсус таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз самаранок истифода гардидани захираҳои бойи табиии он ва дар заминаи истифодаи ашёи маҳаллӣ вусъат ёфтани истеҳсолоти саноатӣ вобастагии калон дорад.    Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов роҷеъ ба самаранок истифода бурдани захираҳои табиии Тоҷикистон ва ба ин васила бештар ҷалб намудани сармояи мустақим гуфт, ки истифодаи қаъри замин ва саноати маъдантозакунӣ соҳаҳое мебошанд, ки метавонанд дар муддати кӯтоҳтарин ҳаҷми зиёди сармояи мустақими хориҷиро ҷалб намуда, ҷиҳати таъмини рушди сифатан нав ва диверсификатсияи бахши воқеии иқтисодиёти кишвар, баланд гардидани рақобатнокӣ ва иқтидори содиротии он, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиёд гардидани даромаднокии буҷет мусоидат намоянд.     «Шумо огоҳ ҳастед, ки бо ин мақсад корҳо дар самти гузаронидани тендери байналмилалӣ барои гирифтани ҳуқуқи коркарди комплексии захираҳои Конимансури Калон идома дошта, айни замон ду ҳуҷҷати муҳими тендерӣ – лоиҳаҳои «Дархости пешниҳод» ва «Созишнома» таҳия гардидаанд ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба довталабони озмуни мазкур пешниҳод шудаанд. Дар назар аст, ки марҳилаи асосии тендер дар нимаи авали соли ҷорӣ ба охир расонида мешавад», — тазаккур дод Д. Саидов.    Мавриди зикр аст, ки раванди омодагӣ ба тендери мазкур собит намуд, ки рушди соҳаи мазкур ислоҳоти ҷиддии қонунгузорӣ ва сиёсати танзимкунониро тақозо мекунад. Аз ин лиҳоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шудааст, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа ва коршиносони байналмилалӣ Барномаи беҳтаргардонии ҷолибнокии сармоягузории соҳаи истифодабарии қаъри замин ва пешниҳодҳои асоснокшуда оид ба ислоҳоти қонунгузорӣ дар соҳаи истифодабарии қаъри заминро омода намуда, ба баррасии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.     Ёдовар шудан бамаврид аст, ки то ҳолати 1 январи соли 2011 63 лоиҳаи сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 2,278 млрд. доллари ИМА ё 10,13 млрд. сомониро ташкил медиҳад.Воридоти сармояи мустақим дар давоми нўҳ моҳи соли 2010 — 171,48 млн. доллари ИМА буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 млн. доллари ИМА зиёд аст.    Гуфтанист, ки Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, соли гузашта ҷиҳати маблағгузории 27 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ бо ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ созишномаҳои навро ба имзо расонид, ки маблағи умумии онҳо 2,5 миллиард сомонӣ буда, қариб 1 миллиард сомонии онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд.     Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба азхудкунии саривақтии маблағҳои ҷудошуда ва як қатор камбудиву норасоиҳо аз ҷониби баъзе марказҳои татбиқи лоиҳаҳо изҳори нигаронӣ карда, тазаккур дода буд, ки: «Дар соли 2010 дар доираи татбиқи лоиҳаҳои муштарак 1 миллиарду 328 миллион сомонӣ маблағ азхуд шудааст. Вале, вобаста ба ин бояд гуфт, ки азхудкунии саривақтии маблағҳои ҷудошуда дар мўҳлатҳои муқарраргардида ва сифатнок анҷом додани корҳо, идоракунии самараноки татбиқи лоиҳаҳо, инчунин пешниҳод намудани маълумоти дақиқ ва ҳисоботи пурра аз ҷониби баъзе марказҳои татбиқи лоиҳаҳо таъмин карда намешавад. Ташвишовар аст, ки санҷишҳои Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти марказҳои татбиқи лоиҳаҳо як қатор камбудиву норасоиҳо ва зарари молиявиро ошкор намудаанд».    Бо дарназардошти чунин вазъ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ вазифадор шуданд, ки шаффофияти гузаронидани озмунҳо, бо сифати баланд анҷом додани корҳо ва дар мўҳлатҳои муқарраргардида азхуд кардани маблағҳоро таъмин намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиву норасоиҳо ва барқарор сохтани зарари молиявӣ чораҳои зарурӣ андешанд.     Бояд гуфт, ки бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ташкил кардани корхонаҳои муштарак яке аз самтҳои муҳими ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти расмӣ аз соли 2003 то соли 2010 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 1068 корхонаи дорои сармояи хориҷӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Агентии омор дар соли 2010 танҳо 172 корхона оид ба фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод кардааст, яъне аксари корхонаҳои мазкур оид ба фаъолияташон ҳисобот пешниҳод накардаанд ё умуман фаъолият надоранд. Аз ин рӯ, Президент дастур дод, ки вазорату идораҳои дахлдор дар сурати дар мўҳлати муқарраршуда ба фаъолият шурўъ накардани шахсони ҳуқуқии дорои сармоягузории хориҷӣ нисбат ба онҳо расмиёти муқаррарнамудаи қонунгузориро истифода намоянд.   Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти умумии сармоягузори хориҷӣ дар давоми 9 моҳи соли 2010-ум 320,58 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз он 149,1 миллион доллараш қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалб гардида ва 171,48 миллиони доллари дигараш сармоягузории мустақим мебошад. Сармоягузории мустақим нисбат ба нӯҳ моҳи соли 2009-ум 100 миллион доллари ИМА зиёд аст.     Бояд гуфт, ки маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ асосан аз 20 манбаъ, аз ҷумла аз ҳисоби Бонки рушди Осиё – 486 миллион доллари ИМА, Бонки умумиҷаҳонӣ – 234,3 миллион доллари ИМА, Бонки исломии рушд – 120,13 миллион доллари ИМА, Ҷумҳурии Мардумии Чин – 882,5 миллион доллари ИМА, дигар созмонҳои маблағгузор 414,65 миллион доллари ИМА ва саҳми Ҳукумати ҶТ 143,4 миллион доллари ИМА самоягузорӣ мешаванд.  

Январь 26, 2011 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад