ВАКИЛИ ХАЛҚРО ҲАБС КАРДАНД

Январь 24, 2011 08:52

   Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 21 январи соли 2011 таҳти раёсати раиси вилояти Суғд, раиси маҷлиси вакилони халқи вилоят Қоҳир Расулзода иҷлосияи ғайринавбатии маҷлиси вакилони халқи вилоят (даъвати IV) баргузор гардид. Дар иҷлосия масъала «Оид ба пешниҳоди прокурори вилоят аз 18 январи соли 2011» дар бораи додани розигӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят Нозиров Валӣ Воситович» баррасӣ гардид.   Бобати ин масъала иҷрокунандаи вазифаи прокурори вилоят Фирдавс Ӯрунов зикр намуд, ки вакили номбурда дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ ҳангоми додани пора ба маблағи 3000 доллари ИМА ва 60 000 рубли русӣ боздошт шудааст.   Маврид ба зикр аст, ки мутобиқи моддаи 8-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати IV) қарори дахлдор қабул намуд.   Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки пешниҳоди прокурори вилоят «Оид ба додани розигӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят Нозиров Валӣ Воситович» қонеъ ва барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят Нозиров Валӣ Воситович розигӣ дода шуд.

Январь 24, 2011 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид