Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид

Апрель 6, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи «Бӯстон» — и шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои варзишӣ ва оростани хони наврӯзӣ таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.

Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода иброз намуд, ки  ҷашни Наврӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳанпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми хусусияти таърихиву фарҳангияш эҳё гардидааст. Наврӯз ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо-тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Иброз гардид, ки  вожаи Наврӯз дар тамоми ҷаҳон бе тарҷума бо ҳамин ном истифода мешавад.   Наврӯз дар фарҳанги мо-тоҷикон рӯзи нав, зиндагии нав, ба ваҳдат омадани инсонҳоро талқин намуда,  ин рукни муҳим пос дошта мешавад

Ҳамзамон барои болидаруҳии сокинон барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Апрель 6, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд