ВОКУНИШИ ШАҲРДОРӢ БА РАҲБАРИЯТИ КУМИТАИ РАДИО ВА ТВ

Январь 24, 2011 17:20

   Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар»).-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо нигаронии қатъӣ иттилоъ медиҳад, ки 14 январи соли 2011 соатҳои 20-30 ва 22-00 дақиқа тавассути барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон оид ба ҳолати роҳҳои шаҳр ва поксозии он аз барф гузориши махсус пахш гардид, ки дар он аз ҷониби мухбир Ш. Мустафоқулов таъкид гашт, ки «имрӯз, субҳи барвақт баъди аз назар гузаронидани кӯчаю хиёбонҳои пойтахт ба хулоса омадан мумкин буд, ки дар баъзе минтақаҳои роҳҳо барои сар назадани ҳар гуна ҳодисаҳо қуму намак истифода шудааст. Вале барои тоза намудани барф ва бартараф намудани дигар камбудиҳо аз ҷониби масъулин фориғболӣ ба назар мерасид. Дар роҳҳои пойтахт ягон техникаи барфтозакунӣ истифода намегардид».    Соати 22-00 бошад, чун тарошаи аз бом афтидаву ғайрикасбӣ ва нотавонбинона, алайҳи ҳамаи меъёрҳои ахлоқӣ ва инсонию журналистӣ «ифтихормандона» бе дарки ягон масъулият дар иҷрои вазифаҳои таъинотии касбӣ ва ба фаромӯшӣ бурдани истифодаи дастгоҳи давлатӣ ба манфиати ғаразҳои шахсӣ, ки инро метавон сӯистифода аз мансаб дар роҳандозии ғаразҳои шахсӣ арзёбӣ кард ва ин дар назди қонун ҷавобгарӣ мехоҳад, чунин таъкид гашт: «боришоти барфи аввал дар баъзе роҳҳои ҷумҳурӣ барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт душвориҳоро ба миён овард. Кормандони баъзе муассисаҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт субҳгоҳон барои ҳаракати мунтазами нақлиёт имкониятҳои заруриро фароҳам оварда натавонистанд».    Бо исрор маълум медорем, ки гузоришҳои пахшгардида воқеияти омодагиҳои раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳрро комилан таҳриф намуда, ба кулли кормандони раёсатҳои мазкур, ки ҳангоми дар хоби ноз будани гузоришгарони мӯҳтарам фаъолиятро оғоз менамоянд, зарари маънавӣ расонид. Ба он маънӣ, ки барфи нахустин ва мавриди воҳимаи гузоришгарон қарор гирифта, ба ҳеҷ ваҷҳ масъулини соҳаи ноҳияҳои шаҳрро ба таҳлука наандохта, фаъолияти ҳар кадоми онҳо тибқи реҷа ва зери назорати Ситоди доимоамалкунандаи шаҳрӣ оид ба зимистонгузаронӣ роҳандозӣ гардид.    Гузоришгаронро, ки бештар дидани техникаҳои коммуналии барфтозакунӣ дар пойтахт мутаваҷҷеҳ кардааст, мебоист аз соати 19-и 13 январ то соати 5-и субҳи 14 январи соли 2011 аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дидан мекарданд, ки чӣ гуна маводи зиддилағжиш тавассути техникаҳои махсусгурдонидашуда дар роҳҳо пошида мешуданд. Маҳз ҳамин тадбирҳо буданд, ки барфи нахустин дар роҳҳои автомобилгарди шаҳр, ки масофаи беш аз 700 км-ро ташкил медиҳад, бо тамоми масоҳати паҳноӣ об шуда буд ва инро танҳо чашми воқеъбин ва қалби орӣ аз ғараз метавонад мушоҳида намояд.     Дар ин робита барои гузоришгарони мӯҳтарам ва Шумо хотиррасон карданием, ки феълан 158 техникаи коммуналӣ ба мавсим омода шудааст, ки аз ин миқдор барои рафъи оқибатҳои барфи нахустин 93 техника сафарбар шуд.    Аслан, шаҳрдорӣ барои инъикоси шаффофи ҳаёти мардуми пойтахт дар дилхоҳ расонаҳои хабарӣ омода ва манфиатдор буда, пайваста талаб менамояд, ки мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар оид ба воситаҳои ахбори омма маводи таҳияшаванда босаводона, воқеъбинона ва бо ҷалби андешаи ҷониби масъул матраҳ гардад. Дигар ин ки мутаассифона, дар таҷрибаи Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ки тавассути моҳвора дар саросари олам пахш мегардад ва аз мӯҳтавои барномаҳои он ҷаҳониён нисбат ба Тоҷикистон маълумот мегиранд, барномаҳои мӯҳтавояшон воқеиятро таҳрифкунанда аз ҳаёти пойтахт бори аввал нест, ки ғайри талаботи касбӣ омодаву пешкаши тамошобинон мегарданд.   Дар ин равобит хоҳишмандем зимни таҳияи мавод аз ҳаёти хоҷагидории пойтахт бе таҳрифи воқеият муносибат карда шавад.    Зимнан, қатъиян талаб мекунем, ки бобати нодурустии таъкиди субъектҳои хизматрасони пойтахт, ки дар гузориши манзури пажӯҳиш аз ҷониби журналист ғалат истифода гардиданд, раддия биоред.    Дар сурати акс Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он зарур мешуморад, ки тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории кишвар нисбат ба чунин амалкардҳо тадбирҳо андешад. Бо эҳтиром,                                                          А. ОевМуовини Раиси шаҳр Раиси ноҳияиИ.Сомонӣ                                        А. ҚурбоновРаиси ноҳияи Шоҳмансур                                      Ф. БуриевРаиси ноҳияи Сино                                             З. СафаровРаиси ноҳияи Фирдавсӣ                                      С. Алиев 

Январь 24, 2011 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст