ВУСЪАТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР «АМОНАТБОНК»
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» (БДА)дар соли 2010 ба суратҳисобҳои транзитии буҷаи давлатӣ ба маблағи 1197,6 миллион сомонӣ ва маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 670,8 миллион сомонӣ маблағ ворид намуд ва он тавассути филиалҳои “Амонатбонк“ ба суратҳисобҳои марбута гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2009 10,6 % зиёд аст. Аз рӯи иттилои раиси БДА “Амонатбонк” Гулнора Ҳасанова то санаи якуми январи соли 2011 тавассути филиалҳои Бонк ба ташкилотҳои буҷавӣ 1078,6 миллион сомонӣ пули нақд дастрас гардид, ки нисбат ба соли 2009 17% зиёд аст. Аз ҷумла, барои музди меҳнат 807 миллион сомонӣ пардохт гардид, ки нисбат ба соли 2009 18,8 % афзудааст. Дар соли ҳисоботӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ дар ҳаҷми 30,1 млн. сомонӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ ворид шуда, дастраси оилаҳои камбизоат гардид, ки нисбат ба соли 2009 64 % зиёд аст”. “То ҳолати 1 январи соли 2011 тавассути филиалҳои Амонатбонк ба 549 942 нафар нафақахўрони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо талаботи маблағи моҳона ба андозаи 74,3 млн. сомонӣ хизмат расонида мешавад”, — афзуд Г. Ҳасанова . Ҳамчунин, барои пардохти нафақаи нафақахўрони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин давра аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 674,9 миллион сомонӣ ба суратҳисоби филиалҳои Амонатбонк маблағ ворид гардида, бо дарназардошти бақияи аввали сол (18 млн.сомонӣ) 668,1 миллион сомонии он дастраси нафақахўрон гардонида шуд. Бояд гуфт, ки дар ин давра аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои пардохти нафақаи нафақахўрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 67,7 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, бо назардошти бақияи аввали сол (216 ҳазор сомонӣ) 67,3 миллион сомонӣ ба нафақахўрон пардохт гардидааст.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






