ВУСЪАТИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ТУРСУНЗОДА
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).- Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 20- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 26 иншооти ҷашнӣ бо муваффақият идома дорад. Тавре аз шўъбаи сохтмони умумии ҳокимияти иҷроияи мақомоти давлатии шаҳр хабар доданд, 5 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ аз шумори иншооти сохташавандаи ҷашнианд, ки барои сохтмони онҳо аз ҳисоби буҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои муайян ҷудо гаштааст. Танҳо барои сохтмони мактабҳои миёна ва таҷдиди онҳо аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба маблағи 10 млн. сомонӣ амалӣ мегарданд. Дар назар аст, ки иншооти мазкур то ҷашни 20- солагии Истиқлолият сохта мешаванд. Баробари ба фаъолият пардохтани ин иншоот 300 нафар шаҳрванди ин минтақа бо ҷойи кор таъмин мегарданд, ки ба ин васила сиёсати стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо фаъолияти самаранок ва ҷойи кор таъмин намудани мардуми кишвар ҳалли худро меёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






