ЗАҲМАТ ХУБ, НАТИҶА ОЛӢ
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини вазири кишоварзӣ Сиҷовиддин Исроилов, дар соли 2010 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), шахсони инфиродӣ ва аҳолӣ ба 9 млрд. 391 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 597 млн. сомонӣ зиёд аст. Дар соли сипаришуда маҷмўи маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ – 106 фоиз, соҳаи чорводорӣ 107 фоиз афзоиш ёфтааст. Ба гуфти муовини вазир, дар соли 2010 истеҳсоли ѓалла ба 1 млн. 261 ҳазор тонна, пахта ба 310 ҳазор тонна, сабзавот ба 1 млн. 142 ҳазор тонна, полезиҳо ба 482 ҳазор тонна, картошка ба 760 ҳазор тонна, мева ба 224 ҳазор тонна, гўшт ба 143 ҳазор тонна, шир ба 660 ҳазор тонна ва тухм ба 231 млн. 929 ҳазор дона расонида шуд. Новобаста ба шароити номусоиди обу ҳаво истеҳсоли ҳамаи намуди маҳсулоти кишоварзӣ барзиёд иҷро гардид, ки он аз натиҷаи заҳмати хуби кишоварзон ва нангу номуси ватандории ҳар фарди заҳматкаши Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






