1 МЛН. 829 ҲАЗОР СОМОНӣ СИТОНИДА ШУД

Февраль 15, 2011 09:09

   Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар идораи муҳосиботи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, стандарт ва меъёрҳои экологӣ 1286 мавод ба маблағи умумии 1 млн. 427 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.   Бино ба итилои ҳамин манбаъ, дар давоми моҳҳои январ – декабри соли 2010 – ум 55 мавод ба маблағи 730 ҳазор сомонӣ ба суди иқтисодӣ, 192 мавод ба маблағи 204 ҳазор сомонӣ ба прокуратура ва 1039 мавод ба маблағи 490 ҳазор сомонӣ ба суд пешниҳод карда шудааст.    Тавассути қарору ҳалномаҳои аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ баровардашуда, зарари экологӣ дар соли 2010 ба маблағи 1 млн. 829 ҳазор сомонӣ рӯёнида шуд.

Февраль 15, 2011 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд