ҲАМОИШИ АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Забони модарии халқҳои Тоҷикистон», таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21 феврал таҷлил мегардад, маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид, ки он ба 100-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шуд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Иттиҳоди ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон, Бунёди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон — «Пайванд» ва Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО гузаронида шуда, дар он намояндагони ҷамъиятҳои миллии дар Тоҷикистон сукунат дошта, ба мисли гурҷиҳо, қазоқҳо, кореягиҳо, тотору бошқирдҳою афғонҳо ширкат доштанд. Назар ба иттилои ҳамоҳангсози Иттиҳоди ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон Виктор Ким таҷлили Рӯзи забони модарӣ ба таври анъана аз соли 2005 инҷониб дар Тоҷикистон ҷашн гирифта шуда, он ба иди ҳақиқии дӯстиву бародарӣ ва ҳамдилию ягонагии ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон табдил гардидааст.Дар маҳфил раиси ҷамъияти фарҳангию маърифатии гурҷиҳо «Сатвистомо Иберия» Шалва Коберидзе, раиси ҷамъияти миллии қазоқҳо «Байтерек» Зауре Саминова ва раиси маркази фарҳангии бошқирду тоторҳо «Дустлик» Римма Хамзина доир ба нақши забони модарӣ ва аҳамияти ҷаҳонӣ доштани ашъори безаволи шоири тавонои тоҷик Мирзо Турсунзода дар тақвияти дӯстию рафоқати халқҳо, ҳамдилию бародарӣ табодули назар карданд. Зикр шуд, ки забон донистан ҷаҳон донистан аст ва забони модарӣ ифтихори ҳар халқу миллат мебошад, аз ин рӯ онро чун гавҳараки чашм ҳифз бояд намуд. Дар маҳфили фарҳангӣ намояндагони ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон, ки либосҳои миллӣ ба бар доштанд, бо забони модариашон шеъру суруд қироат карда, ба маҳфил шукӯҳи тоза зам намуданд. Мавриди зикр аст, ки Рӯзи забони модарӣ аз моҳи ноябри соли 1999 инҷониб бо қарори конфронси ЮНЕСКО бо мақсади мусоидат ба арзишҳо ва ҳифзи забони модарӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, ки яке аз хусусиятҳои он ҳифз ва эҳёи забонҳое мебошад, ки дар марҳилаи нобудшавӣ қарор доранд. Ҳоло дар ҷаҳон ба беш аз 6 ҳазор забон хатари аз байнравӣ таҳдид менамояд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






