АКАДЕМИК НӮЪМОН НЕЪМАТОВ ДАРГУЗАШТ

Февраль 15, 2011 17:24

   Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бостоншиноси маъруф, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Неъматов дар синни 84-солагӣ аз олам чашм пӯшид.  Бо номи ин олими бостоншинос ҳафриёти зиёди таърихии Тоҷикистон, бахусус шимоли кишвар алоқаманд аст.   Нӯъмон Неъматов 5 марти соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ӯ тақдири худро бо илми таърих ва бостоншиносӣ пайваст. Ҳанӯз соли 1969 рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар вазифаҳои мухталиф адои хидмат намудааст. Роҳбарии гурӯҳи археологӣ ва экспедитсияи комплексии археологии шимоли Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.    Соли 1978 ба сифати узви вобаста ва соли 1994 ба ҳайси академики Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд.    Хизматҳои тӯлонии академик Нӯъмон Неъматов бо медалҳо, Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, унвони Ходими Шоистаи илм қадрдонӣ шудаанд. Шаҳрванди Фахрии шаҳри Хуҷанд буд.    Аз маркази иттилоот ва таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маросими видоъ ва ҳамоиши мотам имрӯз дар саҳни Қалъаи таърихии Хуҷанд барпо гардид. Нӯъмон Неъматов дар оромгоҳи «Гумбази Қошуқ»-и шаҳри Хуҷанд ба хок супорида шуд.

Февраль 15, 2011 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад