БАҚОӢ 10 ФЕВРАЛ ОЗИМИ ДУШАНБЕ МЕГАРДАД

Февраль 3, 2011 10:59

    Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Ҳамиди Бақоӣ,  ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ҳамзамон Раисии Созмони мероси фарҳангии ин кишварро ба ӯҳда дорад, 10 феврал ба Душанбе ташриф меорад.     Ҳусайн Ширхонӣ- масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳадафи сафари Ҳамиди Бақоӣ ба Тоҷикистон расонидани паёми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар дуввумин  ҷашни байналмилалии қадимаи мардумони ориёнажод-  Наврӯз аст. Ҳусайн Ширхонӣ афзуд, ки ҷашни байналмилалии Наврӯзи бостон 26-27 марти соли равон дар шаҳрҳои бузурги Эрон- Теҳрон ва Шероз бо ҳузури намояндагону сарони қариб 20 кишвари ҷаҳон, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, ҷашн гирифта мешавад.

Февраль 3, 2011 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад