БАРҚАРОРИИ ПАРВОЗҲО ДАР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ДЕҲЛӢ
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Деҳлӣ аз нав барқарор гардид. Парвозҳоро ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» ҳафтае як маротиба рўзҳои сешанбе бо ҳавопаймои Боинг -737 анҷом медиҳад. Бино ба иттилои директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» Куимов Владимир Сергеевич парвозҳо дар хатсайри мазкур соли 2006 қатъ гардиданд. Барқарор кардани ин хатсайр барои ҷонибҳо манфиатовар буда, дар рушди муносибатҳои минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишвар саҳм мегузорад. Дар кушодашавии хатсайри Душанбе-Деҳлӣ муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ Х. Худоёров, сардори Сарраёсати авиатсияи гражданӣ Азиз Набиев ва сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҶТ ҷаноби Аситх Кумар Бхаттачарҷи иштирок намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии фурудгоҳи Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев иттилоъ дод.








ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад






