БАРРАСИИ ЛОИҲАИ ҚОНУН ДАР ФАЙЗОБОД
Файзобод, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Тавре муовини раиси ноҳияи Файзобод Сайбӣ Раҷабова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин рӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия оид ба танзими ҷашну маъракаҳо, таълиму тарбия, ҷалби духтарон ба мактабҳои олӣ, оила ва оиладорӣ, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва занон, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагӣ, таъсиси созмонҳои ҷавонон дар маҳаллаҳо, вусъат бахшидани корҳои ободонию тозагӣ, муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯрию ҷамъомадҳо доир мегарданд. Ӯ қайд намуд, ки дар вохӯриҳо мудири бахши кор бо занони ноҳия Гул Халифаева, мудири бахши кор бо ҷавонон Аҳмадшоҳ Таваккалов, мудири бахши САҲШ Фариштамоҳ Раҳматуллоева, рӯзноманигорон, имомхатибҳо ва кормандони ШКД-и ноҳия ширкат намуда, оид ба амалишавии қонунҳо фикру андешаҳо ва пешниҳоду дархостҳои худро иброз намуданд.