БИНОИ ОСМОНБӮСИ ДУШАНБЕ ҚОМАТ МЕАФРОЗАД
Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе маҷмааи мӯҳташам бо номи «Душанбе Плаза», ки баландтарин бино дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Алҳол корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ дар ошёнаи 19-уми иншооти мазкур ҷараён дорад. Назар ба иттилои сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Отахон Ҳасанов дар иншооти мазкур, ки аз 20 ошёна иборат аст, беш аз 500 нафар сохтмончиёни ватанӣ дар се баст фаъолият дошта, музди миёнаи маошашон беш аз 1000 сомониро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки пудратчии ин иншооти бузурги ҷашнӣ ҶДМД «Тоҷсохтмонбайналмилал» ва фармоишгараш Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе мебошад. Отахон Ҳасанов афзуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот ҳанӯз моҳи октябри соли 2009 шурӯъ гардида, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Шаҳрофар» / Гипрострой/ таҳия гардидааст. Масоҳати умумии иншоот 38 495, 9 метри мураббаъ мебошад. Иншоот дар миқёси кишвар баландтарин бино буда, ба таври рамзӣ аз 20 қабат иборат аст. Баландии ошёнаҳои 1 то 5 -ум 6 метр ва баландии қабатҳои 6-то 20 3,6 метрро ташкил медиҳад. Таъиноти истифодаи бино гуногун буда, ошёнаи аввали он марбут ба хадамоти иттилоърасонӣ аст. Ошёнаи дуюм толори намоишгоҳ, ошёнаи сеюм осорхонаи мардумшиносӣ /этнографӣ/, ошёнаи 4-5 толорҳои хурду калон барои гузаронидани маҷлису конфронсҳоро дар сатҳи олӣ дар бар мегирад. Қабати 6 тарабхонаи тобистона, ошёнаи 7 то 15 ҳуҷраҳои корианд. Қабатҳои 16-17-18 ва 20-ум опортумон, яъне ҷои корӣ ва зист буда, дар қабати 19 ошхона ҷойгир мебошад. Масолеҳи сохтмоние, ки дар бунёди ин иншоот истифода мешавад, ватанию хориҷист. Бинои мазкур мустаҳкам сохта шуда, ба зилзилаи 9 бала тобовар аст. Ба иттилои Отахон Ҳасанов, дар иншоот назорати муаллифӣ аз тарафи Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Шаҳрофар» ва назорати техникӣ аз ҷониби фармоишгар- Раёсати сохтмони асосии шаҳр ба роҳ монда шудааст. Инчунин, назорати сифати масолеҳи сохтмоние, ки дар иншоот истифода мешавад, аз тарафи Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИОСП» дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда шудааст.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






