БОҒИ БЕҲАМТО ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Февраль 15, 2011 11:04

  Душанбе, 15 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ, ки дар остонаи 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт ба истифода дода мешавад, дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамто надорад.  Масоҳати боғи мазкур, ки дар қисмати шимолу ғарби Душанбе дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бунёд мегардад, 15 гектарро ташкил медиҳад. Алҳол дар ин иншооти бузурги ҷашнӣ беш аз 400 нафар сохтмончиён дар ду баст кор мекунанд. Пудратчии Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикколхозсохтмон» ва фармоишгари он Раёсати сохтмони асосии /РСА/ шаҳри Душанбе мебошад.  Тибқи иттилои сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Отахон Ҳасанов иншооти мазкур аз 49 зериншоот, аз ҷумла толорҳои билярду шоҳмот, шаҳрчаи афсонавӣ, аквапарки кӯдакона, ҳавзи калони дорои фаввораҳо, амфитеатр барои 1260 ҷойи нишаст, бинои маъмурию маишӣ, чорбоғ, чойхонаи Буниҳисорак, ҳаммом, майдончаи бозиҳои чархӣ, қаҳвахонаи «Дар ҷазира», кӯли манзаравӣ, ҷӯйбори сунъӣ, қаср дар об бо қубурҳои гидравликӣ, қасри афсонавӣ бо 6 фаввора, ки дар як тоаш мусиқӣ насб шудааст, иборат мебошад.  Сармуҳандиси РСА шаҳри Душанбе афзуд, ки дар боғ беш аз 30 таҷҳизоти гуногун насб мегарданд. Яке аз онҳо чархофалак аст, ки баландиаш 55 метр буда аз Италия оварда мешавад.   Бояд зикр кард, ки Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ бо тамоми таҷҳизот ба маблағи умумии беш аз 124 миллион сомонӣ бунёд мешавад.

Февраль 15, 2011 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад